Дурӯғбофиҳои ДИИШ ва гумроҳии шаҳрвандон

Август 8, 2015 06:48

Душанбе, 08.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Барои баъзе сокинони бехабари кишвар нақли Прокурори генералӣ дар бобати азобҳои кашидаи ҳамсари як шаҳрванди фиребхӯрдаи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар роҳи «ҷиҳод» ба ҳалокат расидааст, ғайричашмдошт буд. Ба ин зан бо сад азобу мушкилӣ муяассар шудааст, ки аз Сурия ба Ватан баргардад. Ба Сурия ӯ ва шавҳараш ба ваъдаи «гирифтани пули калон» бовар карда, рафта буданд. Дар ҳақиқат бошад, маоши шавҳари ӯ ҳамагӣ 100 доллари амрикоиро ташкил медод, ҳол он ки ӯ дар Тоҷикистон аз ин маблағ зиёдтар маош мегирифт ва рӯзгори осоишта дошт. Аммо дар Сурия оилаи ӯ аз оддитарин шароит маҳрум ва дар як кулбаи фарсудаву вайрона ҳамчун иҷоранишин зиндагӣ мекард. Баъд аз он, ки ин «сарбоз»-и тоҷикистонӣ ҷароҳати вазнин бардошт, фармондеҳони ДИИШ номашро ҳамон замон аз рӯйхати таъминоти ҳарбӣ хат зада, ӯ ва оилаашро аз гирифтани камтарин маблағ барои зинда мондан маҳрум сохтанд.  Зиёда аз ин, ягон муассисаи тиббӣ нигоҳубин ва табобати ин «муҷоҳидид-ро ба зима нагирифт ва дар натиҷаи нагирифтани ёрии тиббӣ, табобат ва нигоҳубин ӯ азобҳои сангин ба ҳалокат расид. Ҳамсари ӯ, ки ягон ҳуҷҷате бо худ надошту аз ҳамон кулбаи муваққатӣ пешаш карда буданд, бо сад машаққат, дур аз Ватан, аз хешу табору ақрабо, шавҳари худро дар гӯристони номаълум гӯр кард. Худи занро ҳангоме ки шавҳараш ҳанӯз зинда буд ва аз ҷароҳатҳои гирифта дар бистари марг азоб мекашид, маҷбур мекарданд, ки ба ҷанговари дигари ДИИШ ба шавҳар барояд.
Воқеан ҳам, овозаи пардохт шудани маблағҳои калони пулӣ ба нафароне, ки барои ҷиҳод ба муқобили кофирон меҷанганд, қаблан дар ҳама ҷо паҳн шуда буд. Аммо воқеият нишон дод, ки ин ваъдаҳо як навъ ташвиқу тарғиби бардурӯғ барои ҷалби ҷанговарон будааст, зеро амалан ба ҷанговарон ягон гуна маблағҳои калони пулӣ дода намешавад. Хоҳишмандони ба даст даровардани пули калон бо азоби алиму қарзҳои зиёд худро ба Сурия мерасонанд ва чун ба он ҷо, ки расиданд, дигар роҳи қафо баргаштан намёбанд. Он гоҳ ночору маҷбур ба шароити мушкил сар фуроварда ба сафи ҷанговарони муқаррарии ДИИШ ҳамроҳ мешаванд, зеро дар сурати ғайр ҳукми марг барояшон хонад мешавад. Маълум аст, ки гурӯҳи ДИИШ ба мутахассисону кадрҳои соҳибмаълумот аз қабили табибон, ҳарбиён, барномасозон, инженерҳо ниёз дорад ва танҳо ин нафарон метавонанд ба маоши баланд, ҷойи бехатар ва курсии роҳбарӣ дар минтақаҳои муваққатан ишғолкардаи ДИИШ умед банданд. Чунин мутахассисон асосан аз кишварҳои Ғарб ва Русия ба ин гурӯҳ мепайванданд. Аммо ихтиёриёни нохонда, камсавод, ба муҳит мутобиқ набуда ва аз ҷомеа дуршуда, ки барои пайдо кардани маоши баланд ва зиндагии беҳтар ба Сурия рафтаанд, танҳо ба гирифтани ҷой дар сатҳи поёнии ДИИШ «муваффақ» мешаванд — ҷойе, ки маоши камтарину таъминоти пасттарин дорад ва зуд-зуд холӣ мешавад, яъне ҷанговари қатории ДИИШ. Ба ин шахсон дар мақомоти болоии ҳарбӣ ягон ҷой дода намешавад, зеро ин мансабҳо кайҳо банд шудаанд ва ё ба ивази пули калону шиносбозиву ҷӯрагӣ дода мешаванд.
Мувофиқи гуфтаи шоҳидон, дар сохтори ДИИШ новобаста ба он ки ин гурӯҳ  худро нигоҳбону ташвиқкунандаи дин муаррифӣ менамояд, ришваситонӣ, ришвахорӣ, ошнобозӣ ва дигар падидаҳои коррупсионӣ мавқеи устувор дорад. Тамоми падидаҳои номатлуби иҷтимоии давлатҳои дунявӣ, муносибатҳои нобаробари иҷтимоӣ дар ДИИШ татбиқ шудаанд.
Дар тамоми ҷаҳон қабул кардан ба кор аз рӯи мансубияти динӣ манъ карда шудааст. Дар навбати худ мусулмонон набояд дар соҳаҳои истеҳсоли машруботу тамоку кор кунанд, қарз диҳанду судхӯрӣ кунанд. Аммо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» барои аз худ кардани ҷабҳаҳои нав, чоҳҳои нафт ва тамдид кардани ҳокимияти худ дар минтақаҳои ишғолкарда аз сиёсати касиф истифода бурда, шаҳрвандони рӯҳияи ифроттидоштаро бо фанду фиреб ва ваъдаҳои пуч ба сафи худ ҷалб мекунад, онҳоро ҳамчун «гушти хом» ё чун воситаи камарзиши ҳарбӣ истифода бурда, дар хати пеши ҷанг бе ягон афсӯсу надомат, мепартояд. 
Пӯлод Ғафоров
          

Август 8, 2015 06:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад