Фархор: Оила оғози фардои мурод

Август 25, 2015 04:53

  Фархор, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон  Холов).- Бахшида ба  эълон гардидани соли 2015 ҳамчун соли оила аз ҷониби Президенти мамлакат дар ноҳияи Фархор бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ чорабиниеро таҳти унвони «Оила оғози фардои мурод» доир намуданд, ки дар он намояндагони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон, ҷавонон ва мудирони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. 
Иштирокдорони чорабинӣ оид ба мавзӯи мазкур маърӯза намуда, ҷавононро ба эҳтироми якдигар, ҳурмати падару модар ва хусуру хушдоман, дар якҷоягӣ паси сар намудани мушкилоти оилавӣ ва сабру таҳаммулпазирӣ  ҳидоят намуданд.
     Бино ба иттилои кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, баргузории  чунин силсилачорабиниҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст. 

 

Август 25, 2015 04:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд