Фатвои Муҳаммад-ал-Орифӣ ва назари коршиносони тоҷик

Август 17, 2015 12:50

       Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳамарӯза  даҳҳо нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон  бо роҳу воситаҳои мухталиф ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ шомил мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари мардон  занон низ ба гурӯҳҳои  ифротӣ пайваста, ҷони худро дар роҳи  амалӣ гаштани аҳдофи нопоки гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз даст медиҳанд. Аз ҷумла яке аз ин ҳодисаҳои нанговар, чанде пеш аз ҷониби гурӯҳӣ ба ном «Давлати исломӣ»  кушта шудани 19 зан барои рад кардани хизмати шаҳвонӣ ба аъзоёни ин гурӯҳ мебошад. Дар ин бора The Daily Mail дар такя ба намояндаи расмии Ҳизби  Демократии Курдистон иттилоъ додааст. Чунин  ҳолатро  коршиносони тоҷик амали ғайришаръӣ номида, онро яке аз ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон номиданд. 
        Файзулло Баротзода-директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки  амалҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ноодилона буда, занон набояд худро қурбони чунин амалҳои зишт кунанд: «Дар мазҳаби  аҳли суннату ҷамоат ё мазҳаби ташшаюъи дини мубини ислом сафар кардани занону духтарон бе маҳрам  дар як масофаи муайян тибқи муқаррароти шариати ислом ҳаром аст, чӣ ҷое, ки занону модарон рафта, дар доираи фаъолияти кадом як созмони террористие, ки кораш  харобиву вайрониву куштору даҳшатангезӣ  аст, дар хизмати  муоширати ҷинсии онҳо бошанд»,-меафзояд Файзулло Баротзода.
      Коршиносон  сабабҳои таҳти таблиғот қарор гирифтани занону духтаронро пеш аз ҳама дар робитаҳои қавии хешовандӣ   доштани занон, модари фарзандони худ будани онҳо, таъсири зиёд ба фарзандону хешовандон доштанашон ва бад-ин васила имконияти  онҳо ба ҷалби пайравони бештар  мебинанд. Ба андешаи Муҳиба  Маҳмадҷонова-мудири шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ дар ҷалби занон ба гурӯҳҳои ифротӣ нисбат ба мардон  гурӯҳҳои иртиҷоӣ имтиёзҳои бештар дошта, бо роҳҳои нисбатан осон занонро ба гурӯҳҳои худ шомил мекунанд: «Занон бештар ба таблиғоти иртиҷоӣ  ҳассосанд, зеро бинобар  хусусиятҳои тарбияи анъанавӣ аз хурдӣ дар эшон эҳсоси нокомилӣ, вобастагӣ аз мард, ҳисси шадиди гуноҳу савоб, бахти худро дар хушбахтии дигарон дидан,худро барои азизон қурбон кардан тарбият мешаванд . Дар таблиғи манфӣ нобаробариҳои гендерӣ  ва хусусиятҳои аслан мусбати  ахлоқии занон барои манфиатҳои иртиҷоӣ ба кор бурда мешаванд»,-иброз медорад номбурда.

Маркази исломшиносӣ: Касе ҳаққи тағйир додани арзишҳои исломро надорад!
       Куштори 19 зан аз ҷониби гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», барои саркашиашон намудан аз хидмати шаҳвонӣ агар як паҳлӯи поймол кардани ҳуқуқи занон бошад, аз ҷониби дигар дар ин самт  баровардани ҳукм аз ҷониби воизи ваҳобия Муҳаммад ал-Орифӣ, ки гӯё занон  барои хидмати шаҳвонӣ ба ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» ба биҳишт роҳ меёбанд, паҳлӯи дигари масъала аст. Ислом ягона динест, ки ҳуқуқи Модар ва занро дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ  баланд бардошта, онро олитарин неъмат қарор додааст, мегӯяд Искандаршоҳи Умарзода-муовини ректори Донишкадаи  исломии  Тоҷикистон. Номбурда гуфт: «Чунин ҳукм баровардани ин намояндаи ваҳобия ба ягон қонуну арзишҳои ислом рост намеояд, балки бо ин амали зишти худ ҳеҷ гоҳ мавриди писанди пешвоёни ислом қарор нахоҳанд дошт».
        «Агарчанд инҳо ривоятҳои бардурӯғ дар байни мардум паҳн мекунанд, ҳар зане, ки барои ором кардани касе, ки пайрави ба ном «Давлати исломӣ» буда дар ҷиҳод аст ва онҳо дар замони истироҳаташон  беникоҳ нафсашонро ором мекунад, инро ислом қабул надорад ва ин гуна мардум- мардуми зинокоранд»-афзуд Искандаршоҳи Умарзода. Файзулло Баротзода-директори Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар низ ҳукми баровардаи Муҳаммад ал-Орифӣ-воизи ваҳобияро роҷеъ ба биҳиштӣ будани занони дар хидмати ҷинсӣ қарордоштаи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ»-берун аз доираи арзишҳои исломӣ ном бурда,  таъкид намуд, ки  ислом дини поку муқаддас буда, касе ҳуқуқи аз номи он баровардани ҳар гуна ҳукми бардурӯғро надорад: «Дар масъалаи  шомил гардидани занону духтарон ба сафи «Давлати исломӣ» ва барои  мақсадҳои ҷинсӣ ва муоширати ҷинсӣ истифода кардани онҳо ҳеҷ кас ба ягон саркардаи рӯҳонии низомӣ, ғайрирӯҳонии сиёсӣ, иҷтимоии ин созмони террористӣ ҳаққу ҳуқуқ надодааст, ки дар бораи тағйир додани арзишҳо ва аҳкоми  шариати ислом, ки тӯли 1400 сол амал мекунанд,  ягон сухани дигаре илова кунад»,-мегӯяд исломшиноси кишвар.
       Рушди исломгароӣ дар минтақа, аз ҷумла ҷомеаи тоҷикро, ки муштоқи пайвастан ба фарҳанги маънавии қадим, аз ҷумла эҳё кардани ҳувияти динии худ буд, як навъ сархуш карда, имконияти бемамоният ворид шудани идеологияи иртиҷоиро фароҳам овардааст, иброз медорад Муҳиба Маҳмадҷонова-мудири шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ, зеро ба гуфтаи номбурда  устувор гаштани самти фаъолияти ҷомеа боиси пешгирии гароиши занон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад: « Ҳоло замони он расидааст, ки мақому мартабаи дунявият ва дин дар ҷомеаи мо қатъиян  муайян гардад, то тамоми ҷомеаи тоҷик ҷиддан хавфи  иртиҷогароии диниро дарк намуда, ҷиҳати шинохти омилҳои он кӯшиш кунанд  ва  роҳи ҳарчӣ зудтар пешгирӣ кардани пайвастани занону духтарон ба гурӯҳи ҳаракатҳои ифротӣ часпу талош намоянд».

Такрори боз як фоҷиаи ҳамсон  дар ҳаққи занон
          Аз ҷониби гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» поймол шудани ҳуқуқи занону духтарон ва бераҳмона куштани  онҳо бори аввал набуда, чандин маротиба ҷомеа шоҳиди чунин амалҳои зишти ин гурӯҳҳои террористӣ шудааст. Аз ҷумла Саид Мамузинӣ, сухангўи ҳизби Демократии Курдистон дар Мавсил зимни як мусоҳиба бо шабакаи «Ассумирия» эълом кард, ки пайкорҷўёни такфирӣ 15 занро ба далели розӣ нашудан ба хизматрасонии шаҳвонӣ ба аъзои ДИИШ дар пойгоҳи низомии «Ғазлонӣ» қатл карданд. Мамузинӣ афзўд: «Террористҳои ДИИШ дар ду моҳи охир беш аз 30 занро бо сабаби даст кашидан аз хизмат ба аъзои ин гурўҳ ба қатл расониданд». Инчунин Ҳоно Навофилӣ, сухангўи  Созмони дидбони дифои занони осебдида дар Ироқ ба хабаргузории «Ал-маълума» гуфта буд, ки террористҳои ДИИШ дар Фалуҷа ба ҳафт зан таҷовузи гурўҳӣ карда, сипас онҳоро ба қатл расониданд.
       Кишварҳои ҷаҳонро мебояд, барои пешгирии  ин бераҳмиҳо нисбат ба занон чораҳои мушаххас андешида, ҳамзамон занону духтарон низ дар ин масъала  бояд  дурандеш  бошанд. 
 
 

 

Август 17, 2015 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад