Фестивали байналмилалии «Боми ҷаҳон» дар Хоруғ

Август 24, 2015 08:28

Хоруғ, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан).-Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Боми ҷаҳон» бо ширкати ҳунармандони минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва берун аз он ба мисли Амрико, Чин, Афғонистон, Туркия, Қирғизистон баргузор гардид.
Ба иттилои масъулин тарғибу ташвиқи санъату фарҳанг ва расму русуми мардуми тоҷик яке аз ҳадафҳои ин ҳамоиши мусиқӣ аст. Имсол аксарияти ҳунармандон аз кишварҳои хориҷӣ дар барномаи худ тарона ва рақсҳои тоҷикиро  иҷро карданд. 
Ҷунин ҳамоишҳо роҳи беҳтарини тарғиби фарҳанги  бою ғании тоҷикон дар саросари ҷаҳон аст. 
Фестивали мазкур ду рӯз идома карда, дар он зиёда аз 140 хунарманд ширкат дошт.

Август 24, 2015 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид