Ифтитоҳи хобгоҳи Коллеҷи милитсия дар Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомали Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои замонавии хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд иншооти нав барои 400 нафар курсант пешбинӣ шудааст.
Хобгоҳ ҳамчунин дорои сартарошхона, ошхона, нонпазхона, ҳаммом ва дигар шароити зарурӣ барои истиқомат мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ягона муассисаи давлатии таълимие мебошад, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи таъиноти махсус аз ҳисоби ятимон, бепарасторон ва фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шудааст. Ҳамаи донишҷӯёни ин муассиса ятимони кул, ятимони падар ё модарашон фавтида, фарзандони оилаҳои камбизоат, бепарасторон ва фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳадафи аслии таъсиси ин муассиса зери пуштибонӣ ва сарпарастии Ҳукумату давлат қарор гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат ва кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки хатмкардагони ин муассиса бо дили пок ва ҷасорати баланд содиқона ба халқу давлати хеш хизмат мекунанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки курсантон пайваста зери назорат қарор дошта бошанд ва онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбанд, то оянда нисбат ба пешаи интихобкардаи худ ва хизмат намудан ба манифати халқу миллат содиқ бошанд.
Ифтитоҳи бинои хобгоҳи замонавиро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми неки ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини шароити беҳтар ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кадрҳои ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар арзёбӣ кард.
Дар ҳаминҷо баробари ифтитоҳи бинои хобгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Коллеҷи милитсия шинос шуд. Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастуру ҳидоятҳои хирдамандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд, дар шаҳри Кўлоб, таъсис дода шудааст.
Коллеҷи милитсия соли 2-юм аст, ки фаъолият намуда, ҳоло ҳамагӣ 261 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст.
Аз ин шумора, 23 нафар ятимони кул, 118 нафар бепадар ё бе модар, 24 нафар фарзандони кормандони фавтидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 72 нафар фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи камбизоат, 35 нафар фарзандони дигар оилаҳои камбизоат,ва 8 нафар аз хона-интернатҳо, инчунин 10 нафар духтарон таҳсил менамоянд.
Коллеҷи милитсия пурра аз таъмир бароварда шуда, айни замон шароити мусоид аз қабили хобгоҳ барои 400 нафар,ошхонаи замонавӣ, синфҳои компютерӣ, криминалистӣ, ронандагӣ ва омўзиши забони англисӣ, воситаҳои нақлиёти таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омўзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва майдони гузаронидани машқҳои сафороӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳаммом, китобхонаи муосир ва муҷҷаҳаз бо маводу ашёи зарурӣ муҳайё карда шуда, курсантон ҳар моҳ бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат супориш дод, ки бо истифода аз тамоми шароитҳое, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар омода кардааст, сатҳу сифати таълимро беҳтар карда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷасуру тавоно, ватандӯсту ватанхоҳ саҳм гузоранд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯёни коллеҷ як миқдор маводи хӯрока ва шириниҳо тақдим намуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






