«Ҳикояи беҳтарин»- озмун бахшида ба 25-солагии Истиқлолият

Август 24, 2015 04:20

Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди адабиёти муосири тоҷик барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи наср озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин»-ро эълон мекунад.
Тавре дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳаҷми ҳикояҳо бояд то 8 саҳифаи компутерӣ бо ҳуруфи 14 (дар як саҳифа 28-30 сатр) бошад ва дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва  маҷаллаи «Паёми Суғд» интишор карда мешавад.
Дар озмун қаламкашони ҷавон (то 30-сола) ширкат варзида, барои онҳо дар интихоби мавзӯъ озодии комил дода мешавад, то дар мавзӯъҳои барояшон мақбул ҳикоя эҷод ва пешниҳод намоянд.
Гуфта мешавад, ки озмун аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2016 дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст хоҳад шуд.
Барои ғолибони озмуни «Ҳикояи беҳтарин» мукофотҳо барои ҷои аввал 2000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 1 500 сомонӣ, барои ҷои сеюм 1000  сомонӣ пешбинӣ шудааст.

 

Август 24, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд