Иштироки варзишгарони тоҷик дар Остона

Август 24, 2015 07:08

Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки  аз имрӯз 24 август то 30 августи соли равон дар пойтахти Қазоқистон — Остона  баргузор мешавад, иштирок мекунад. 
Ба ҳайати мунтахаби кишвар 9 гуштингир дохиланд: Хушқадам Хусравов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарду — 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду — 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг),  Саидҷалол Саидов (100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг). 
Гуфта мешавад, ки дар тӯли 7 рӯз ширкаткунандагони мусобиқа барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.  
Имрӯз, 24 август, варзишгарони вазнашон сабуктарин — 48 кг мобайни занон ва 60 кг дар байни мардон — вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 25 август занон дар вазни 52 кг ва мардон дар вазни 66 кг, 26 август занон дар вазни 57 кг ва мардон дар вазни 73 кг, 27 август занон дар вазни 63 кг ва мардон дар вазни 81 кг, 28 август занон дар ду вазн — 70 ва 78 кг, мардон дар вазни 90 кг, 29 август занон дар вазни беш аз 78 кг ва мардон дар вазни 100 кг ва беш аз 100 кг рақобат мекунанд. 
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро бештар намоянд. Барои медали тилло 900 имтиёз дода мешавад, ки ин аз ғолиби олимпӣ ҳамагӣ 100 имтиёз камтар аст. Барои медали нуқра 540 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 360 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷоизаи сабқати инфиродӣ 300 ҳазор доллар ва сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 

 

Август 24, 2015 07:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад