Оғози бунёди хобгоҳи Коллеҷи тиббӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). -Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ санги асос гузошт.
Тибқи лоиҳа хобгоҳи мазкур аз 5 ошёна иборат буда, бояд барои 458 нафар сохта мешуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки барои пурра таъмин кардани донишҷӯён бо хобгоҳ боз 2 ошёнаи дигар илова карда шуда, шумораи хонаҳо ба 700 адад расонда шавад.
Дар таҳхона ошхона барои 48 ҷой, толори хурди варзишӣ, толори тенниси рӯйи миз ва ҳуҷраҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, шустушӯйхона, анборҳои нигоҳубини рахтҳои хоб ва ғайра ҷойгир карда мешавад.
Дар хобгоҳ ҳуҷраҳои хоб, толори хониш, толори омӯзиши дарсҳои компютерӣ ва шустушӯйхонаҳои занона ва мардона, инчунин ташноб ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҷо баъди гузоштани санги асос барои сохтмони бинои хобгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ доир намуда, донишҷуёнро ба омӯзиши илмҳо ва технологияи муосир, истифодаи техникаю таҷҳизоти навтарини ташхису табобат ҳидоят намуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо истифода аз тамоми шароити мусоиде, ки Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон муҳайё кардааст, бояд ба сифати таълим, омӯзиши касби пуршарафи духтурӣ аҳамияти махсус диҳанд.
Президенти мамлакат изҳор дошт, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ ва баъди бунёди бинои хобгоҳ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






