Оши Палав –хӯроки миллии тоҷикон

Август 13, 2015 12:09

Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фестивали «Оши палав» баргузор гашта истодааст ва он 22 август дар пойтахти ҷумҳурӣ ҷамъбаст хоҳад шуд. Оши палав бояд ҳамчун хӯроки миллии тоҷикон муаррифӣ гардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст. Вале бояд гуфт, ки палави тоҷикӣ аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндуӣ фарқ мекунад.  «Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд», — мегӯяд корманди илмии шуъбаи мардумшиносии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои ҶТ Мумина Шовалиева. Ин зан дар бораи палав ҳама чиро медонад, таърихи  пайдоиш, адабиётҳое, ки дар онҳо оид ба палав маълумот дода шудааст,  навъ ва тарзҳои гуногуни тайёр намудани ош ва ғайраро. Вай  китоберо таҳти унвони «Таърихи фарҳанги ошпазии халқи тоҷик»  ба табъ расонидааст, ки он аввалин таҳқиқоти монографии фарҳанги ошпазии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.   Ба гуфтаи муаллиф, барои ин китоб вай дар тӯли  30 сол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавод ҷамъоварӣ намудааст. 
«Ман 7 сол доштам, вақте падарам  ба ман палавпазиро ёд дода буд. Падарам  мегуфт, ки палав хӯроки миллии мо аст ва ҳар як духтари тоҷик бояд онро пухта тавонад»,- ба хотир меорад Мумина. 
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, вай ба шарофати пухтани палав  ҳатто ба шавҳар баромадааст. «Дар маҳаллаи мо ҳар сол озмуни «Сабзирезакунон» гузаронида мешуд. Иштироккунандагони он бояд зуд  ва моҳирона барои палав сабзӣ реза мекарданд. Барои тамошои ин озмун ҳамаи занҳои маҳаллаҳои наздик меомаданд. Бештари  занҳо барои интихоби келин  ба ин ҷо меомаданд. Ба духтаре,  ки дар ин озмун ғолиб меомад, ҳама хостгор мешуданд. Ман аз синни 13- солагӣ дар чунин озмунҳо ширкат меварзидам ва ҷои аввалро низ ишғол карда будам. Баъд аз ғолиб омаданам, ба хонаи мо ҳар рӯз хостгор меомад. Дар он вақт ҳар хушдоман орзуи келини дар озмун ғолибомадаро мекард ва ба туфайли ин озмун ман  аруси намунавӣ шудам», — шӯхиомез мегӯяд Мумина.  
Пеш аз тӯйи арӯсӣ модари Мумина  ба вай як дастархонча   барои дам додани палав дӯхта, насиҳат кардааст, ки онро ба таги сандуқи арӯсиаш  партояд ва дар хонаи шавҳар бо ин дастархонча оши беҳтаринро пазад. Чунин расму оин будааст: ҳар арӯсе, ки бо худ  ба хонаи хушдоман ошдамкунак орад, кадбонуи беҳтарин мешавад.   
«Аввалин хӯроке, ки ман дар хонаи шавҳарам омода намудам, ин палав буд. Падарам ба ман тамоми нозукии омодасозии палавро омӯзонида буд. Вай ба ман тарзи дурусти реза кардани сабзӣ, тоза кардани биринҷ, тайёр кардани зирбак, чи қадар дам додану бо кафгир шикоф кардани  палав ва дигар нозукиҳоро нишон медод.    Дар маҳаллаи мо ба  духтаре, ки палав пухта наметавонад, хостгор кам меомад.  Хотирам  аст, вақте мо барои дарёфти арӯс ба бародарам  ба хостгорӣ рафтем, падарам аз остонаи хонаи келиншаванда ба модараш «Духтари шумо палав пухта метавонад?» гӯён суол дода буд. Модарам он лаҳза худро хеле ноҳинҷор ҳис кард, вале падарам гуфта буд: «Бигзор келини ман ягон кори хонаро карда натавонад, вале ҳатман бояд палав  пухта тавонад»,-ба хотир меорад М.Шовалиева.  
Мумина худ соҳиби 7 духтару 1 писар буда, шаш духтарашро аллакай 
оиладор кардааст.  Ба гуфтаи мусоҳиби мо, вай ба ҳамаи  духтаронаш пухтани палави тоҷикиро омӯхтааст.  «Ҳоло ҳамаи онҳо ҳар намуд палав мепазанд, зеро ба ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ба шавҳар баромадаанд. Шавҳари як духтари ман  бухороӣ, вай палавро ба тарзи бухороӣ омода мекунад. Духтари дигарам шавҳараш самарқандиву аз  сеюмаш панҷакентӣ, боқимонда се духтарам дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Аз ҳамин сабаб ҳамаи онҳо палавҳои хоси минтақаи худашонро мепазанд. Ба туфайли духтаронам ман ҳамаи навъҳои палавро чашидаам»,-табассумкунон нақл кард  Мумина.  
Ба саволи «Мумина келинро чӣ тавр  интихоб мекунад ва оё принсипҳои падарашро ба кор мебарад?» мусоҳиби мо посух дод, ки барои вай муҳим он аст ки духтари интихобкардааш  ба писараш маъқул афтад. «Пухтани палавро ман ба вай худам ёд медиҳам, -гӯён боз ба духтарони тоҷик муроҷиат кард Мумина,- Духтарони тоҷик палавпазиро омӯзед, зеро агар ба даст овардани муҳаббати мардон тариқи хӯрок бошад, ба даст овардани муҳаббати мардони тоҷик тариқи палави бомазза мебошад».  
Палав дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан дар байни тоҷикон  маълуму машҳур мебошад. Шоирону нависандагони тоҷик ба ин навъи таом мисраҳои зиёдеро бахшидаанд, ки аз машҳур будани ин таом аз қадим шаҳодат медиҳад. Дар Тоҷикистон оши палавро дар ҳамаи тӯйу маъракаҳо мепазанд. Бино ба нақлҳои мусоҳиби мо, вақтҳои пеш ҳангоми  тӯй овардани 50 кило биринҷ ба хонаи арӯс ҳатмӣ буд, то оилаи арӯс аз ин биринҷ палав пухта,  ба меҳмонону ҳамсояҳо тақсим кунад. Агар домод имкони овардани биринҷро надошт, он гоҳ тӯй мавқуф гузошта мешуд.  
Тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон чун миллати меҳмоннавоз мешиносанд.  Ягон меҳмон хонаи тоҷикро  бе чашидани оши палав тарк намекунад. Палав  таомест, ки ҳамаро бо ҳам муттаҳид месозад. Ҳангоми пухтани палав дар маъракаҳо пиру ҷавон якҷоя сабзӣ реза мекунанд,  биринҷро тоза мекунанд, ба таги деги палав алов мемонанд ва ҳама якҷоя онро мепазанд. Палавро на танҳо якҷоя омода мекунанд, балки онро якҷоя мехӯранд, яъне онро дар як табақи калон кашида,  ҳама дар гирди он ҷамъ мешаванд. 
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 пешниҳод намуд, ки Оши палавро  ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ  дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад. 
Фестивал -озмуни «Оши палав» дар  густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги Оши палав   мусоидат мекунад. 
Ба  фестивали «Оши палав» ошпазҳову ҳунармандон аз  тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳунари  ошпазҳо ба намоиш гузошта мешаванд.  Дар рафти фестивал,  аз ҷумла маҳсулоти ҳунармандон, ки ба оши палав марбутанд, аз қабили корд, кафгир, тахтача, дег, табақ дастархон ва ғайра намоиш дода, ба  фурӯш гузошта мешаванд.  Ба ғолибони озмун  диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд. Ғолиби мутлақи озмун соҳиби туҳфаи махсус — «Кафгири тиллоӣ» мегардад. 

 

Август 13, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад