Расонидани зарари ҷисмонӣ бо табарча ва қайчӣ

Август 8, 2015 06:21

Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии дар минтақаи Кӯлоб ва Б. Ғафуров буда, ду ҳолати ваҳшиёна расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатиро ошкор намуданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар рафти корҳои оперативию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, , ки рӯзи 7-уми августи соли равон тахминан соати 21:30 дақиқа ноболиғ духтари 17-солаи сокини шаҳри Кӯлоб мебошад дар маҳаллаашон бо ҷавонмарди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, ба сабаби муноқиша захмҳо аз қайчии дар дасташбуда бардоштааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифтааст. 
Дар  чорабинии оперативию ҷустуҷӯии дигар кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир намуданд. Муайян гардид, ки гумонбаршуда 27-уми июл тахминан соати 23:30-дақиқа ба хонаи истиқоматии марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия омада, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо табарча ба сари ҷабрдида задааст, ки ӯ дар  натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. 
Оид ба  ҳарду ҳолати рӯхдода парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Август 8, 2015 06:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад