С. Қаландаров: «Касе мегӯяд дар Сурия ва Ироқ ҷиҳод аст, дурӯғ мегӯяд»
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сокини 25 солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Қаландаров Самандар Искандарович, ки ба тозагӣ аз боздоштгоҳи тафтишотӣ озод карда шуд, соли 2009 мактаби миёнаро хатм карда барои таҳсили илм ба Сурия ва Туркия рафтааст. Аммо таҳсил дар макотиби хориҷӣ ба ӯ на илму дониш, балки сарсониву саргардонӣ овард.
Ҳангоми суҳбат Самандар нақл кард, ки: «Баъд аз як соли хатми мактаби миёна ба кишвари Сурияи Араб рафтам ва дар донишгоҳи «Маҳд-давлӣ-ил-улму шаръя вал арабия» дохил шудам. Дар соли дуюми таҳсил дар Димишқ гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои эътирозӣ оғоз ёфтанд. Ҳаёти осоишта бабетартибиву бенизомиҳо мубаддал гашт. Мо, ки донишҷӯ будем, аз сари нодонӣ, бо даъвати устодону мударрисони худ дар ин тазоҳуроту митингҳо иштирок мекардем. Вақте дидем, ки ҷангҳо сар шуданд, тирпаронӣ ва одамкушӣ оғоз шуд, тарсида ба Тоҷикистон баргаштем».
АМИТ «Ховар»: Шумо бо кадом роҳ ба донишгоҳи Сурия афтодед?
Қаландаров Самандар: Аввал ба Истанбул рафтам ва дар ҳамон ҷо визаи таҳсил ба Сурияро дастрас намудам.
АМИТ «Ховар»: Дар донишгоҳ кадом ихтисосро интихоб карда будед?
Қаландаров Самандар: Дар шӯъбаи омӯзиши забони арабӣ таҳсил мекардам.
АМИТ «Ховар»: Магар дар худи Тоҷикистон имкони омӯзиши забони арабӣ набуд?
Қаландаров Самандар: Мехостам забони арабиро бо пуррагӣ аз худ карда, мукаммал ба он ҳарф занам.
АМИТ «Ховар»: Баъд чӣ кор кардед?
Қаландаров Самандар: Чун аз Сурия баргаштам, муддати ду сол дар хонаи падару модар, дар ноҳияи Зафаробод будам, бекор мегаштам. Дар бораи ҷангҳои Сурия ва фаъолияти ДИИШ аз расонаҳо ва интернет огоҳӣ пайдо мекардам. Баъдан аз ноҳия ба Душанбе омада, ба сафорати Туркия барои гирифтани визаи таҳсил муроҷиат кардам. Сипас ба Туркия рафтам. Дар донишгоҳи давлатии шаҳри Газантепп таҳсил мекардам.
АМИТ «Ховар»: Дар кадом ришта таҳсил мекардед, кадом ихтисосро интихоб карда будед?
Қаландаров Самандар: Омӯзиши забони арабӣ. Шаҳри Газантеп дар марзи Туркия ва Сурия ҷойгир мебошад. Дар ин ҷо ҳар гуна одамонро вохӯрдан мумкин буд. Дар маҳфилҳое, ки ман иштирок мекардам, сухан дар бораи ҷиҳод, пайвастани ҷавонон аз мамлакатҳои Аврупо ва дигар кишварҳо ба сафи ҷангиёни ДИИШ мерафт. Баъзеҳо барои пайдо кардани пули калон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро иштирок кардан ташвиқу тарғиб мекарданд.
Бояд гӯям, ки ман дар намоишҳои эътирозӣ ба муқобили ҳукумати қонунии Сурия — ҳукумати Башор Асад иштирок кардани худро пинҳон карда будам.
Дар баробари ҳамин, андеша мекардам, ки шояд ягон рӯз ман ҳам ба сафи ҷанговарони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ҳамроҳ мешавам. Аз байн чанд вақт гузашт ва ман хабар ёфтам, ки оид ба иштирок карданам дар намоишҳои эътирозӣ дар Димишқ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабардор шудаанд. Як рӯз маро ташвиқ карданд, ки барои ҷиҳод ба Сурия равам, ҳатто вақти рафтанро низ ба ман гуфта буданд. Аммо ба хулоса омадам, ки аз ҳамроҳ шудан ба сафи ҷанговарони ДИИШ беҳтар аст, ки ба Ватан баргардам. Чунки шунида будам, ки дар Ватан ҳар шахсеро, ки ихтиёран аз рафтан ба Сурия даст мекашад, аз ҷавобгарӣ озод мекунанд. Бо ҳамин андешаҳо ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия муроҷиат кардам, ба онҳо гуфтам, ки дар намоишҳои эътирозии Димишқ иштирок кардам ва ҳоло мехоҳам ба Ватан баргардам. Бояд гӯям, ки моро тарс медоданд, ки дар Ватан нисбат ба мо парванда боз карда, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Вақте ба Тоҷикистон меомадам ҳеҷ бовар намекардам, ки маро аз ҷавобгарӣ озод мекунанд. Хушбахтона, баъд аз анҷом шудани раванди тафтишот маро озод карданд. Бо истифода аз фурсат ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки таҳсили диниро дар Ватани худ кунанд, зеро дар макотиби хориҷӣ имкон дорад, ки шахс ба таъсир ва таблиғи ҳар гуна гурӯҳҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ гирифтор шавад.
АМИТ «Ховар»: Шумо, ки дар шаҳри Газантепп, наздикии сарҳади Туркия бо Сурия қарор доштед, фаъолияти ДИИШ-ро чӣ гуна баҳо медиҳед. Оё дар ин гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» воқеан ҳам рукнҳои дини поки ислом риоя мешаванд?
Қаландаров Самандар: Ман қатли одамони бегуноҳ ва ё бо ҷурми шиамазҳаб будан, куштани мусулмонро қатъан маҳкум мекунам. Дар он ҷо ҷиҳод нест, ҳар нафаре ки мегӯяд, дар Сурия ва Ироқ ҷиҳод аст, дурӯғ мегӯяд. Аз ҷавонони тоҷик эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба доми онҳо наафтанд.
АМИТ «Ховар»: Акнун ба чӣ кор машғул мешавед?
Қаландаров Самандар: Аввал мехоҳам хизмати падару модарро ба ҷо орам. Баъдан, дар яке аз мактабҳои олии Ватан таҳсили илм кунам, дониш гирифта, дар ободии Тоҷикистон саҳми худро гузорам.
Модари Самандар – Қаландарова Хайрӣ ва падари ӯ Қаландаров Искандар, ки аз бозгашти фарзандашон ба Ватан ва озод шуданаш аз боздоштгоҳи тафтишотӣ ашки шодӣ мерехтанд, дар суҳбат бо мо миннатдории худро ба Сарвари давлат ва мақомоти Тоҷикистон изҳор карданд, ки ба шарофати тадбирҳои амалишуда хатари ба доми ҷанговарони ДИИШ афтодани як ҷавони тоҷик бартараф гардид.