Сайёҳи угандӣ: Дар миёни тоҷикон худро бегона ҳис намекунам

Август 10, 2015 10:27

Душанбе, 10.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Маҳинаи Собир)- Туризм аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони офтобрӯяву кӯҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс  ва боғҳои дилрабо дар дунё  машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. 

   Ҳамин  аст, ки ҳамасола ба кишварамон меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои дуру наздик ба саёҳат омада,  аз тамоми  гӯшаҳои Тоҷикистон дидан менамоянд. Ҳамарӯза  мо дар кӯчаю хиёбонҳои ҷумҳурӣ, ба хусус пойтахти кишварамон бештар бо онҳо вомехурем. Банда низ  бо як тан меҳмон ва сайёҳ аз Ҷумҳурии Уганда, Тебрикода Эфранс, ки чанд рӯз меҳмони Тоҷикистон аст, суҳбати сарироҳие анҷом додам. Номбурда таассуроташро чунин баён дошт:

  — Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадам. Пеш аз ин ба ягон кишвари минтақаи Авруосиё сафар накарда будам. Сафар ба Тоҷикистон  бароям хеле писанд омад. 
Тули сафаратон дар Тоҷикистон  чӣ таассурот ба худ гирифтед?

 – Таассуроти ман  аз Тоҷикистон  бисёр  хуб аст. Тоҷикистон  воқеан кишвари зебост. Инҷо боду ҳавои тоза ва обҳои ширин дорад. Баъд аз боздид ин сарзаминро бисёр дӯст доштам, хусусан табиати он бароям бисёр писанд омад.  

Чанд рузи дигар дар Тоҷикистон майли истодан доред?
— Азбаски ин сафари аввалинам  аст , мехоҳам  2 ё 3 ҳафтаи дигар дар ин ҷо бимонам. Зеро нақша дорам дигар гушаҳои ин кишварро низ бубинам. Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, аммо чи тавре мегӯянд «шунидан кай бувад монанди дидан», дар миёни мардуми тоҷик худро бегона ва ё меҳмон эҳсос намекунам, зеро мардуми меҳмоннавози ин кишвар меҳмонро ҳамчун як узви хонаводаи  худ мешуморанд, ки ин хислати мардуми тоҷик бароям хеле писанд омад. 

 Кадом урфу одатҳои тоҷикон  бештар ба шумо маъқул шуд?
 –Тоҷикон мардуми меҳмоннавоз  ва меҳрубонанд. Бар замми ин, хеле хушмуомила  мебошанд. Ба ман таомҳои миллии тоҷикон, ки фикр намекардам инқадар таомҳои бо лаззат доранд, бештар писанд омад. Хусусан, оши палав  ва қурутоб, самбӯса, ҳамчунин  оби ҷави сим-сим бо ханда иброз дошт, Теприкода-сайёҳӣ угандӣ.
Аз кадом мавзеҳо дидан намудед?

 – Танҳо дар Душанбе будам , вале ният дорам  Файзобод, Шаҳринав, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғдро низ бубинам. 

Баъд аз суҳбат бо Тебрикода Эфранс маълум гардид, ки мавсуф мехоҳад то аз табиати  зебои кишварамон низ дидан кунад.

   Ёдрас мешавем, дар давоми солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризми байналмиллалӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст. 

Тибқи маълумоти оморӣ дар  шашмоҳаи якуми соли 2015 ба Тоҷикистон 177 186  нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин теъдод 147 265 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд.

Чунон ки дар дар ҷамъбасти нимсолаи  2015 –и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 147 265 туристи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 73 млн 632 500 доллари амрикоӣ маблағ ворид гаштааст.

 

Август 10, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст