Сурия: Силоҳбадастон аз миномёт ба Димишқ ва Ҳалаб оташ кушоданд

Август 25, 2015 08:51

Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ҷангиёни  гурӯҳи мусаллаҳи «Ҷайш-ул-Ислом»  шабона ба Ҷерман – канори шарқии Димишқ аз миномёт оташ кушоданд. 

Тавре торномаи  иттилоотии  Сурия Ал-Он иттилоъ дод,  11 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аввал дар кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 40 снаряди реактивӣ, баъдан 11 тои дигар таркиданд. Як кӯдаки сесола ба ҳалокат расида,  зиёда аз 30 шаҳрванд  бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Якчанд нафар  дар ҳолати вазнин қарор доранд. Хонаҳои зиёд вайрон гашта, 9 мошин  сӯхтааст.

Мушакҳо ба маркази пойтахт – дар  кӯчаҳои Бағдод, дар маҳаллаҳои  Мазра, Адавӣ, Кусур, Рукн-уд-Дин, Збалтанӣ , Муҳоҷирон , инчунин дар маҳалҳои истиқомати масеҳиён дар қисматҳои қадимаи шаҳри — Баб-Тума ва Баб-Шарқӣ афтидаанд.

Нерӯи ҳарбӣ-ҳавоӣ ва артиллерии Сурия ба мавзеъҳое, ки аз миномёт оташ кушода мешуд, ҳамла оварданд.
Дар шаҳри Ҳалаб  дар натиҷаи даргириҳои ноҳияи Эль-Халидияи таҳти ҳимояи қушунҳои ҳукуматӣ қарордошта 8 сокини осоишта ҳалок гардид, ки дар байни  онҳо се нафарашон кӯдак мебошанд. Вазъият  дар пойтахти шимолӣ бадтар шуда истодааст . Шоҳидон гузориш медиҳанд, ки дар кӯчаҳои Нил ва Эс-сабил дасти кам 50 гулулаи  миномёт  афтод. Кӯшиши ҷангиён барои шикастани хати мудофиавии муборизони низомии артиши Сурия ноком анҷом ёфт.

Август 25, 2015 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад