Табдили номи 14 деҳа дар ноҳияи Файзобод

Август 8, 2015 06:33

Файзобод, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд). — Дар  Иҷлосияи Мачлиси Миллии Маҷлиси  Олии  мамлакат  номи 14 деҳаи ноҳияи Файзобод  дар асоси  пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлиси  вакилони халқии ноҳияи мазкур  тағйир дода шуд.
 Акнун  номи деҳаи Шулашак  ба Себистон, Биникулта ба Файзрез, Қуруғ ба Навбаҳор,  Тиён Ба Кӯҳсор, Бунгакиён ба Дурахшон, Қашқараҳа ба Орифон, Қалошӣ ба Баҳористон, Қошқарӣ ба Сино, Тақназарӣ ба Сомониён, Кулул ба Чорбоғ, Қулобод ба Хуросон, Калшодӣ ба Шифобахш, Сеқишлоқа ба  Себзор  ва Ҳайтак ба Гулафшон иваз карда шуд. Деҳаҳои мазкур  дар ҳудуди ҷамоатҳои  деҳоти  Бустон, Вашгирд, Меҳробод, ба номи Дусмурод Алиев, Чашмасор ва Мискинобод ҷойгир мебошанд. 
 Мақсад  аз табдили номи  маҳаллаҳои аҳолинишин  гиромидошти  таъриху фарҳанги халқи тоҷик ,  ҳифзи асолати забони модарӣ  ва мувофиқ намудани  амали номгузорӣ  дар робита  ба риояи  меъёрҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Август 8, 2015 06:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад