Тадбирҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии мардум

Август 3, 2015 06:46

  Душанбе, 03.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Гурӯҳи  Бонки ҷаҳонӣ  барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути созмонҳо — шарикони молиявӣ барномаи фарогири молиявиро дар Тоҷикистон таҳким мебахшад», — зикр шуд зимни баргузории конфронси иқтисодии Душанбе, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва  дигар ташкилоти хурди молиявии қарзӣ ширкат доштанд.
          Умед Латифов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи барномаи мазкурро қадами устуворе дар роҳи  баланд бардоштани сатҳи молиявии қишрҳои гуногуни  ҷомеа, сарфаю сариштакорона истифода намудани маблағ ва дигар пасандозҳо аз сӯи хонаводаҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ кард.
          Зикр шуд, ки Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади татбиқи барномаи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилот -шарикони молиявӣ — «Бонки Эсхата», «Аccessbank Tajikistan», Аввалин бонки қарздиҳии хурд, «Арванд», «Хумо», «Имон Интернэшнл», «Финка» силсилаи таҳқиқотро гузаронид. Таҳқиқоти аз ҷониби Гурӯҳи Бонкӣ ҷаҳонӣ оид ба саводнокии молиявӣ гузаронида шуда нишон дод, ки 40 фоизи пурсидашудагон тамоми даромади умумии худро сарф менамоянд ва танҳо нисфи онҳо мунтазам маблағи пулиро пасандоз мекунанд. Ғайр аз ин, беш аз 80 фоизи посухдиҳандагон  бо истилоҳҳои асосии бонкӣ ошно нестанд ва тақрибан 90 фоиз дар бораи бюрои қарзӣ умуман иттилоъ надоранд.

 

Август 3, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад