Зиёд шудани сафи талбандаҳо
Душанбе, 12.08.2015 (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Вақтҳои ахир гаштугузори талабандаҳо дар кучаву роҳравҳои пойтахт масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе ва бархе аз соҳибназаронро нигарон кардааст. Бино ба иттилои, мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли равон 162 ноболиғ барои талбандагӣ дар кучаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт шудаанд. Тибқи иттилои мақомот, боздоштшудагон баъд аз суҳбатҳо ва ба ҷавобгари кашида шудани волидонашон раҳо карда мешаванд, аммо дар аксари ҳолат дигарбора боз ба талбандагӣ даст мезананд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолат, хабарнигори радиои Ховар дар байни талбандаҳои синусоли гуногун пурсиш гузаронид, ва дар пай ин пурсиш маълум гардид, ки қисме аз онҳо дар гузашта соҳиби манзил ва касбу корҳои мухталиф буда, зиндагии хешро бидунӣ талбандагӣ ҳам пеш мебурдаанд.
Аммо саволе пеш меояд, ки кадом омилҳо боис шуд, ки онҳо, имрӯз даст ба ин амал мезананд?
Зарина, яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, ки баъд аз фавти ҳамсараш, ҷойи корашро аз даст додааст ва ахиран маҷбур шудааст, манзили истиқоматияшро ба маблағи ночиз савдо кунад. Хонум Зарина, ки дар наздикии бемористони №-1-и пойтахт садақа металабад мегӯяд, агар рӯзе ягон даромад наёбад, роҳ суи партовгоҳҳо мекунад, то чизе ёфта хурад.
Хатичаи куҳансол, ки 70 сол дорад, дар чорроҳаи бозори Шоҳмансур-и шаҳри Душанбе рӯ ба танбандагӣ овардааст. У мегӯяд, дар ин макон аз саҳар то шом чашм ба суи фарзандонаш дорад, ки кай омада, аз инҷо ӯро ба хона мебаранд Ба қавли ин зан, ҳамсараш иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, ҳоло дар қайди ҳаёт нест, вале фарзандонаш аз чи бошад, ки ӯро дар чунин аҳвол гузошата, боре ба наздаш намеоянду ба модари худ кумак намекунанд.
Ҳамсӯҳбати дигари ман Анвар ном дорад. У 12 сол дорад, ду сол боз дар шафати бозори Саховат ба талбандагӣ машғӯл аст. Баъди он, ки падараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту модараш аз олам даргузашт, ӯ дар ихтиёри бибияш монд. Ба гуфти Анвар ӯ дар як рӯз аз 80 то 120 сомон даромад мекунад. Анвар мегӯяд: “То синфи 3-юм хондам, сипас аз надоштани ҷиҳозу либосҳои мактаби дигар ба мактаб нарафтам”.
Мирзомуроди 43 сола, ки дар гузаргоҳи бозори Шоҳмансур аз субҳ то шом садақа металабад, ду чашми нобино дорад ва гузашта аз ин, ду пояш заиф аст. Ба гуфти ин мард , тану ҷисмаш дард мекунад ва дар ҳамин шабу рӯз ба табибон хеле ниёз дорад. Худи ӯ бо изҳори нигаронгӣ гуфт, ки барои табобат пул надорад ва бино бар ин то имрӯз ягон табиб ӯро қабул накардааст. Мирзомурод иброз дошт, ки ин ҳолат ӯро маҷбур сохтааст, барои дарёфти маблағи табобат ба талбандагӣ барояд.
Ҳангоми суҳбат бо талбандагон ба назар чунин намуд, ки шумораи онҳо дар кӯчаву хиёбонҳо нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст.
Нодира як сокини пойтахт мегӯяд худи имрӯз дар наздикии бозори «Корвон» мардеро мушоҳида кард, ки худро ба рӯи замини пур аз гарду чанг афканда, талбандагӣ мекард: «Ман борҳо ин мардро мебинам, ки ҳамин хел мекунад. Худро ба касали меандозаду, дуртарак рафта пулҳои ҷамовардаашро ҳисбоб мекунад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки вай аслан ягон касали надорад, муҳтоҷи пул ҳам нест, ӯ аз рӯйи одат ҳар саҳар инҷо омада мешинаду дар рӯйи замин хоб мекунад».
Нодира мегӯяд, тоҷикон намегузоранд, ки ҳамсоя ва ё ягон шахси шиносашон то ба ин ҳад мӯҳтоҷу бечора бошад ва ғайримантиқист, ки аҳли маҳалла ва ё наздикон ба ӯ кӯмак накунанд.
Бархе аз коршиносони масоили иҷтимоӣ сабаби рӯ овардани афроди мухталифро ба талбандагӣ ба таври гуногун шарҳ медиҳанд.
Ҷовид Муқим коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯяд: “Зиёд шудани сафи талбандаҳо аз вазъи ҷомеа вобаста аст, ҳар қадаре, ки ҷомеа қашшоқ бошад, ҳамон қадар сафи талбандаҳо зиёд мешавад. Дар замони Шӯравӣ агар лулиҳоро медидем, имрӯз бошад дар байни талбандаҳо одамони солим, чавонону муйсафедон ва ҳатто кӯдакон ба талбандаги машғул шудаанд. Як чизи дигарро бояд гуфт, дар даврони ҷанг нони хурдан набуд, лекин талбандаҳо кам ба чашм мерасидаед, имрӯз бошад бархе аз мардум беномус шудаанд, ба талбандагӣ одат кардаанд, холо он ки мардон, ҷавонон қувваи корӣ доранд, метавонанд рафта кор кунанд аммо танбал ҳастанд ”.
Ин ҳама дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе санаи 3-юми август дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз талабандагӣ дар кӯчаву роҳҳои нақлиётии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини Раёсати умури дохилии пойтахт хостааст, ки тадбирҳои заруриро амалӣ кунанд, то пеши роҳи ин зуҳуроти зишт гирифта шавад.