Зоирони тоҷикро ба Арабистони Саъудӣ «Сомон -Эйр» ва «Flynas» мебаранд

Август 27, 2015 05:49

      Душанбе, 27.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Сафари гурӯҳи аввалини зоирони тоҷик ба Маккаи мукаррама 29 августи соли равон  тавасути ҳавопаймои  ширкати ҳавонавардии ватанӣ-  «Сомон Эйр»  сурат мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Масъулини Кумитаи дин афзуданд, ки соли равон сафари шаҳрвандони  Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, ки нияти зиёрати Каъбаро доранд, тавассути ҳавопаймоҳои ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон «Сомон -Эйр» ва ширкати ҳавопаймоии Саудӣ «Flynas» ҷараён мегирад.  Хароҷоти маросими ҳаҷ  дар соли равон барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар 22 ҳазору 906 сомонию 98 дирамро ташкил дода,  маблағи чиптаи тайёра-рафтану омадан,  меҳмонхона, суғуртаи тиббӣ, ғизо, қурбонӣ, либоси ягона, инчунин хаққи хизмати роҳбаландон ва гурӯҳҳои корӣ, ки ба он табибон низ шомиланд, аз ҳамин ҳисоб пардохт карда мешавад. Либоси ягона ва борхалтаи зоирони тоҷик  бошад аз сӯи чеварони ширкати  дӯзандагии «Ёқут- 2000» омода карда шудааст.  

 

Август 27, 2015 05:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд