Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СААД-ро Тоҷикистон раисӣ мекунад

Сентябрь 11, 2015 04:23

Душанбе, 11.09.2015.(АМИТ «Ховар»). — Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони  аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Президентҳои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштироки худро дар кори ҷаласа аллакай тасдиқ кардаанд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар арафаи ҳамоиши сарони давлатҳои СААД, ки 14 сентябр ба нақша гирифта шудааст, ба Тоҷикистон  сафари расмӣ анҷом медиҳад.
Дар арафаи ин чорабинии муҳим , дар пойтахти Тоҷикистон,  моҳҳои апрел ва  июни соли равон ҷаласаи  вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчии СААД баргузор гардид.
Онҳо масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ  ва чораҳо оид ба пешгирии мушкилоту таҳдидҳои марбут ба минтақаи  амнияти дастаҷамъонаи  СААД-ро мавриди  баррасӣ қарор доданд. Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимсолаи  дуюми соли 2015 ва нимсолаи якуми соли 2016 тасдиқ гардид.
Пеш аз оғози ҷаласа, роҳбарони  мақомотҳои  корҳои хориҷиро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, аз  кишварҳои СААД  даъват ба амал овард, ки  оид ба вокуниш ба таҳдиду хатарҳои муосир чораҳо андешанд. «Кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, бояд мавқеи ҳамоҳангшуда ва   механизмҳои марбут ба муборизаҳои мунсифона бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ ва ҷинояткории  киберӣ дошта бошанд», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот масоили  иҷроиши  қарорҳои дар охирин нишасти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва афзалиятҳои раисии Тоҷикистон дар ин созмон қабулшуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Диққати хоса, ба масоили таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ҷумла, иҷрои қарори навбатии сарони давлатҳои СААД  оид ба ин масъала, моҳи сентябри соли 2013 қабул гардида, дода шуд. Масоили мубориза бо паҳншавии ғояҳои «Давлати исломӣ» ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба ин созмонро  низ муҳокима намуданд .
Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доираи васеи масоили вобаста ба амният ва таҳдидҳои беруна, мавриди баррасӣ қарор гирифта, таваҷҷӯҳи асосӣ  ба терроризм, экстремизм  ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона гардид. Натиҷаи мулоқот  машқҳои «Раъд-2015»-и  дар Тоҷикистон гузаронида шуда ,  гардид.
27 августи соли ҷорӣ дар машқгоҳи «Фахробод»-и  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои — аъзои СААД, директори хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Русия Виктор Иванов ба марҳилаи фаъоли машқҳои  байналмилалии махсуси тактикии «Раъд -2015» воҳидҳои идораҳои  зидди маводи мухаддир ва хизматрасониҳое, ки ба ҳайати нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши босуръати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (НДВБ  СААД) дохиланд, оғоз гардид. Дар машқҳо кормандони воҳидҳои  таъиноти махсуси Хадамоти федеролии назорати маводи нашъаовари Русия ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон (АНМН ҶТ ) иштирок намуданд.
Илова бар ин, хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони хадамоти федеролии амният (ХФА) ва Вазорати мудофиаи Русия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — беш аз 500 нафар ҷалб гардиданд. Амалиёти воҳидҳоро намояндагони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои — аъзои СААД аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон, роҳбарони олии сиёсӣ, роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон мушоҳида намуданд. Амалиёт дар машқгоҳи «Фахробод» марҳилаи ниҳоии як амалиёти зидди маводи мухаддири стратегии «ханҷар-ҷазо» барои бартараф намудани шабакаҳои таъмини ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русияро  оғоз карданд.
Хотирнишон бояд сохт, ки соли 2014 соли  тағйироти глобалӣ дар низоми амнияти ҷаҳонӣ буд. Он вақт, дар мулоқоти раҳбарони давлатҳои СААД, ки аз ҷониби Русия раисӣ карда шуд, бисёр масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. «Ҳамоиши  мо дар давраи мураккаб сурат гирифта, вазъият дар ҷаҳон зуд тағйир меёбад, мушкилоти куҳна шиддат меёбанду, мутаассифона мушкилоти  нав пайдо мешаванд. Ҳамаи ин аз давлатҳои  аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои ҳамоҳангӣ  ва чораҳои дастаҷамъона барои таъмини амнияти кишварҳоямон  ва минтақа дар умумро талаб менамояд », — изҳор намуд  Президенти Русия Владимир Путин.
Зикр гардид, ки Осиёи Марказӣ яке аз манбаъҳои ташаннуҷӣ аст. Иштирокчиёни ҳамоиш  дар бораи афзоиши фаъолияти ҷангиёни  «Давлати исломӣ» дар ҳудуди Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд. Тоҷикистон раёсати созмонро қабул намуда, аз шарикон дархост кард, ки дар таҳкими марзҳо кӯмак  кунанд.  Дар ҷаласа супоридани раёсати созмон  аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт,  ки самтҳои  афзалиятноки фаъолият дар соли оянда пешниҳод карда шуд. Президентҳо изҳорот қабул намуданд, ки дар он муносибатҳои умумӣ  нисбат ба хатарҳои  асосӣ ва таҳдидҳои муосир инъикос ёфтаанд.
Соли 2013 дар мулоқот,  роҳбарони давлатҳои иштирокчии СААД  вазъият дар минтақаи масъулияти созмонро муҳокима намуда, вазъи системаи вокуниш ба бӯҳрони СААД дар партави хатарҳои  амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавиро мавриди  баррасӣ қарор доданд. Пас аз анҷоми ҷаласа  20 ҳуҷҷат оид ба такмили ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, фаъолияти созмон дар соҳаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ, мубориза бар зидди терроризм, амнияти иттилоотӣ ва омӯзиши кадрҳо ба имзо расиданд.
Бояд қайд кард, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) — иттиҳодияи ҳарбӣ-сиёсиест, ки аз ҷониби  ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД), 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби  Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Соли 1993, ба  аҳдномаи мазкур Озарбойҷон, Гурҷистон ва Белорус низ ҳамроҳ  шуданд.
Аҳднома 20-уми апрели соли 1994 ба ҳукми қонунӣ дароварда шуд. 14 майи соли 2002 дар ҷаласаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) дар шаҳри Маскав дар бораи табдил додани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  ба созмони байналмилалии  комилҳуқуқ — Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) қарор қабул гардид. Оинномаи СААД аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Кишинёв  7 октябри соли 2002 ба имзо расида, 18 сентябри соли 2003 ба амал бароварда шуд.
Айни замон аъзои ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.
Соли оянда , раёсати СААД ба  Арманистон супорида мешавад.

 

Сентябрь 11, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад