Ҷавонони вилояти Суғд: «Хоиноне чун ҳоҷӣ Ҳалим ба Чингизи хунхор ҳам кумак карда буданд»

Сентябрь 8, 2015 09:36

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). 
 Ҳамватанони азиз!
 Ҷавонони гиромӣ! 
     Мо ҷавонони вилояти Суғд ҳамрадифи изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, шукргузор аз он ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба камол расидаву дар фазои мусоиди сулҳу оромӣ таҳсилу кор мекунем. Мо аз он хушнудем, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои дастгирии давлатии ҷавонон тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шуда, дар ин раванд бо роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи ғамхориҳои судманд рӯи кор гирифта шуданд. Дар канори ин ғамхориҳо ифтихори мо ҷавонони саодатманд ва тамоми сокинони марзу буми ин сарзамини биҳиштосо, модарони мушфиқ, пирони барнодил дар он аст, ки бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат — пешвои тоҷикони ҷаҳон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги хонумонсӯз дар мамлакат бо роҳи мусолиҳатомез хотима бахшида шуда, бо пирӯзии хиради азалии мардуми сулҳпарвари тоҷик дар кишвар Созишномаи умумии истиқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа қабул гардид. 
    Мутаассифона, бархе аз ҳамватанони хиёнаткор ва ноогоҳи мо бар муқобили ҳамаи ин дастовардҳо ва муҳимтар аз ҳама бар муқобили сулҳу суботи миллӣ, ваҳдат ва якпорчагии мамлакат бархоста, барои нооромсозии вазъият дар кишвар бар муқобили муҳофизони ин марзу буми Ватани азизу маҳбуб, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст силоҳ мебардоранд. Ҳол он, ки ин хоинони миллат дар саргаҳи ҳифзи марзу буми кишвар қарор дошта, ба ҷои ин амалҳои ноҷавонмардона бояд дар ин вазъияти печида ва ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ паи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ кӯшиш ба харҷ дода, дар атрофи ғояи созандаи Ҳукумати мамлакат қарор бигиранд.
Тавре мардуми соҳибтамаддуни мо, ҳамчун ворисони бузургони илму адаб, ки ҷомеаи ҷаҳон аз осори пурғановати онҳо шодоб мегардад ба хубӣ огаҳӣ доранд, ҳеҷ қавму миллат ва ҳатто ҳеҷ дине, хиёнат ба Ватанро, ки баробари модар — офарандаи ҳаёт дар рӯи замин қарор мегирад, намебахшанд. Аз нигоҳи дигар тавре бузургони мо мефармоянд: «Он ки ба миллати худ хиёнат мекунад, нодонест, ки модари худро ба душман мефурӯшад» ё «Хиёнат ба Ватан зану фарзанд ва хешону дӯстонро ба душман фурӯхтан аст». Ва бояд ин хоинон дар назар гиранд, ки ба як каф хоки Ватан зор ҷон медиҳанд. 
    Мо ҷавонони саодатманди диёр амалҳои ноҷавонмардона ва  хиёнаткоронаи хоини миллат ва фарзанди носипоси он Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим)-ро сахт маҳкум намуда, ҳамдиёрони азизро барои бетараф набудан дар ҷодаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таҳкими якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва мусоидат ба рӯзгори осудаҳолонаи сокинони кишвар даъват менамоем.
Ривоят мекунанд, ки ҳангоми ҳуҷуми Чингизи хунхор ба Осиёи Миёна ва шаҳреро ба муҳосира гирифтан, сокинон паси деворҳои  баланд паноҳ бурда, муқобилияти шадид нишон медоданд ва бо вуҷуди  талафоти зиёд Чингиз ба онҳо ғолиб омада натавонист. Шабе чанд соҳибватани хиёнатпеша бо ҳам маслиҳат карда, ба хотири мукофоти калон, дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи Чингизи хунхор боз намуданд. Пас аз вориди шаҳр шудан аввалин коре, ки Чингиз анҷом дод, сари ҳамон ашхоси ватанфурӯшро аз тан ҷудо кард. Ҳозирон аз ин амали ӯ ба ҳайрат афтоданд. Чингиз ба атрофиён рӯ оварда гуфт: «Оне, ки ба Ватани худ хиёнат кардааст,  ман ба  ӯ чӣ гуна битавонам эътимод кунам?».
    Итминони комил дорем, ки дар фурсатҳои наздик ин хоинони миллат ба шикаст дучор омада, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. 
    Мо ҷавонон ҳамеша дар атрофи ғояҳои созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон муттаҳид гардида, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллат кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.   

    Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

Сентябрь 8, 2015 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест