Баррасии масоили густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хуан Ҷяншун

Сентябрь 2, 2015 04:39

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти корпоратсияи Чайна Глобал Технолоҷӣ (China Global Technologi) Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ Хуан Ҷяншунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба густариши ҳамкорӣ доир ба коркарди маъдан дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Ширкати саноатии Тоҷикистону Чин» дар ҳудуди шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мавҷуд аст ва ҳамкорӣ бо Ширкати коркарди маъдани тоҷикию чинӣ яке аз ҳадафҳои бобарор дар ин самт мебошад.
Моҳи июни соли 2007 дар заминаи Идораи маъдани Олтин-Топкан Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»  таъсис ёфта, расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ширкат корҳои барқарорсозии конҳои маъдани зеризаминиро дар моҳи августи соли 2007 оғоз намуда, 18-декабри соли 2007 ба сохтмони корхонаи бойгардонӣ бо ворид намудани дастгоҳҳо, техника ва мутахассисон оғоз намуд. Ширкат корҳоро дар барқарорсозии кони Зарнисор, Пай-Булоқ, сохтмони фабрикаи бойгардонӣ, партовгоҳ, обамбор, коргоҳҳои ёрирасон, биноҳои маъмурӣ маишӣ ва ғайра ҷоннок намуда, мутобиқи ҳисоботҳо аз соли 2007 то 1 апрели соли 2015 ҳаҷми сармояи воридшуда аз ҷониби ҷамъият зиёда аз 121,4 млн. доллари амрикоиро ташкил намудааст
Моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ба имзо расонида шуд.
Мақсади ин санад ривоҷ додани соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, технологияҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини сокинони маҳаллӣ бо кор, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равнақ додани инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти саноатии содиротшаванда мебошад.

 

Сентябрь 2, 2015 04:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод