Бозтоб шудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср
Душанбе, 08.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — 6-уми сентябри 2015, рӯзноманигори Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency) хонум Шуҳрат Ориф оид ба ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хабар пахш кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира рӯзи чоршанбеи оянда 24-умин солгарди Истиқлоли кишвари худро ҷашн мегирад. Аз он таърих Тоҷикистон худро дар сабқат бо замону чолишҳо дарёфта, пайгирона роҳ ба сӯи оянда мепаймояд ва мардумаш — тоҷикон — мардуми куҳанбунёд, дорои фарҳанги асил ва офаринандаи таъриху тамаддуни бостонӣ мебошад.
Соли ҷорӣ шоҳиди таҳаввули муҳим дар густариши муносибатҳои дуҷониба буд, зеро байни роҳбарони ду кишвари дӯст — Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Президент Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ мубодилаи паёмҳо сурат гирифт. Рӯйдоди мазкур рағбати муштараки Душанбе ва Қоҳираро ба боло бурдани муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ба сатҳе, ки халқҳои тоҷику мисрӣ хостори онанд, таъкид мекунад.
Заминаи пойдори муносибатҳои Тоҷикистон бо Миср тавассути боздиди расмии таърихии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Арабии Миср, ки моҳи феврали соли 2007 баргузор гардида буд, гузошта шуд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои он боздид кушоиши Сафорати кишвар дар Қоҳира буд, ки ба фаъолияти худ дар соли 2007 оғоз намуда, ба ин васила пулеро барои ба ҳам наздик намудани ду халқи ба ҳам дӯсти тоҷику мисрӣ ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба суди ду кишвар бунёд кард.
Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, муносибатҳои дӯстонаи мутавозинро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, чи наздик ва чи дур, чи бузург ва чи хурд, барқарор менамояд ва ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд ва муколимаи мутамаддини созанда бо ҷаҳони беруна талош меварзад ва таҷовузу бадхоҳиро дар муносибатҳои байналмилалӣ намепазирад, он чизеро, ки барои хеш писандида медонад, барои дигарон низ меписандад.
Халқи тоҷик ба олам донишмандону шоирони номдор, ба монанди Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Ибни Сино, Аллома Берунӣ, Имоми Аъзам Абу Ҳанифа, Ҳакими ҷаҳон Умари Хайём, Лисонулғайб Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Мавлоно Румӣ ва дигаронро эҳдо намудааст”.
Мавриди зикр аст, ки хабари мазкур ҳамчунин дар дигар расонаҳои иттилоотии Миср бознашр шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






