Чкалов: Чорабинӣ бахшида ба рӯзи китоб
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бахшида ба Рӯзи китоб чорабинии идона баргузор гардид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, аз оғози чорабинӣ адабиёти гуногун ба маърази тамошо гузошта шуд.
Киромуддин Мухторов, муовини раиси шаҳр табрикоти раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, ба кормандони соҳаи фарҳанг ва китобдорону ҳаводорони китоб дар иҷрои ин рисолати пурифтихор таманниётҳо намуд.
Зимнан, дар шаҳри Чкалов 1 китобхонаи марказӣ, 1 филиал ва 4 нуқтаҳои китобдиҳӣ мавҷуд аст. Махзани китобхонаи марказии шаҳр 38 ҳазору 474 адад адабиёти соҳаҳои гуногунро фаро гирифта, дар он 9 нафар кормандон ба муштариён хизмат мерасонанд. Айни замон 2542 нафар хонандагон ба китобхонаи мазкур расман аъзо шудаанд.








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






