Чорабиниҳои ҷашни истиқлолият дар Файзобод

Сентябрь 8, 2015 09:51

Файзобод, 08.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар боғи фарҳанги ноҳияи  Файзобод бо иштироки  раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ, собиқ раисони ноҳия Абдулло Ҳакимов , Тоҷиддин  Назиров, Эмомназари Каримиён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, меҳмонон аз гӯшаю канори мамлакат,  аҳли ҷамоатчигӣ ва мардуми ноҳия   иди истиқлолияти давлатиродар сатҳи баланд  ҷашн гирифтанд. 
Дар оғоз раиси ноҳия меҳмонон ва  тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон муборакбод намуда, афзуд, ки бисту чор сол  чандон фурсати тӯлонӣ  набошад ҳам, Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад. Пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида , тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои  худро ба хотири фароҳам овардани   шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар  равона созад.
 Ҳамчунин қайд намуд, ки  мо ба ҳиммати баланду азми қавии мардуми диёрамон , ҷавонони бо нангу номуси он  боварии комил дорем ва аминем, ки сокинони ноҳия  баҳри ҳифзу афзун намудани  дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста талош меварзанд ва дар ободию  гулгулшукуфии ноҳия , татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар  Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саҳми сазовору арзанда мегузоранд.
    Бахшида  ба иди истиқлолият дар роҳи марказии ноҳия  ярмаркаи  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки сокинони ноҳия маҳсулоти гуштию кишоварзиро аз нархи бозор 25 ҷоиз арзон харидорӣ намуданд.
   Нисфирӯзии имрӯз  барои сокинони ноҳия дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда ва консерти гурӯҳҳои эстрадӣ  баргузор гардида истодааст.

 

Сентябрь 8, 2015 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад