Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мулоқоти рӯҳониёни кишвар баргузор шуд
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа бо иштироки раиси кумита Давлатзода Сулаймон, муовини раиси кумита Ҷумъахон Ғиёсов, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Асомуддинзода Тоҷиддин бо сархатибон, эмом-хатибон ва мудирони бахшҳои дини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҳодисаҳои хунине, ки бо айби як гурӯҳ хоинони Ватан сар зада, боиси марги одамон гашт мавриди муҳокима қарор гирифт. Муовини раиси кумита Ҷумъахон Ғиёсов дар баромади худ қайд кард, ки як гурӯҳ одамон зери ниқоби дини ислом даст ба ҷинояткориҳо зада, кӯшиш мекунанд, ки сулҳу суботи Тоҷикистонро халалдор кунанд. Мавқеи бетарафӣ, ки ҲНИТ вобаста ба ин ҳодисаҳо ишғол намуд, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарону аъзои ҳизби наҳзат ҷонибдори гурӯҳи террористон мебошанд.
Қарор қабул карда шуд, ки нуқтаҳои муҳими мулоқоти баргузоршуда, дар хутбаи имрӯзаи намози ҷумъа ба самъи намозгузорон расонида шавад.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






