Эмомалӣ Раҳмон дар Чин Президенти ширкати ZTE-ро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 2, 2015 05:04

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқоти судманди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали Ширкати ZTE  таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.
Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.
Аз соли 2009 то инҷониб дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.
Дастгоҳи марказии Ширкат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории ширкати ЗТИ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додаст.

Сентябрь 2, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид