Эмомалӣ Раҳмон: “Мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд, эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтист”
Душанбе, 27.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – “Дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд”, — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷараён дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард.
Ба иттилои Президенти Тоҷикистон имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард одамон ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион нафар аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одамро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.
Маҳз ба ин хотир, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об баҳри рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.
«Шубҳае нест, ки даҳсолаи нав пешрафти дар ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» бадастомадаро таҳкиму тавсеа бахшида, барои муттаҳид намудани талошҳои мо оид ба ҳалли масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015 заминаи боэътимод хоҳад гузошт», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Вобаста ба ин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ дониста ва аз давлатҳои аъзо даъват кард, ки ин ташаббусро пуштибонӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






