Хоинони миллат мисли мор дар бағал буданд…
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ҳодисаҳои хунине, ки субҳи 4 сентябри соли ҷорӣ дар атрофи пойтахт ба вуқӯъ омаданд, вазъи кишварро ноорому мардуми осоиштаро нигарону нороҳат карданд. Мардуме, ки баъди поёни ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ, баъди имзои Созишномаи сулҳ, баъди ба эътидол омадани вазъият дар сартосари кишвар дубора ба зиндагии осуда баргашта буд… Вале, сад афсӯс, ки душманони миллату ватан боз аз худ дарак доданд…
Ононе, ки ба туфайли меҳрубониҳои беканори давлат ва гузаштҳои чандинбораи ҳукумати кишвар ба сари вазифа омада буданд, дорову сарватманд шуда буданд, мутаассифона, аз вазифаи баланди ишғолнамудаашон суистифода карда, ба Ватан хиёнат карданд!
Хиёнат андоза надорад. Хиёнатро ба хурду бузург натавон ҷудо кард. Хусусан, хиёнате, ки бар ҳаққи Ватан ва мардум бошад, гуноҳест нобахшиданӣ.
Онҳое, ки ба бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, дар гардиши Фурудгоҳи пойтахт задухӯрди мусаллаҳона ташкил намуданд, ки дар натиҷаи он талафоти ҷонӣ низ буд, магар фикр накарданд, ки роҳи интихобкардаашон хато асту оқибати корашон бадномӣ!
Аллакай мардум дар ҳаққи собиқ Муовини вазири мудофиаи кишвар генерал Назарзода Абудуҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва дигар хоинони миллату Ватан лаънат мегӯянду онҳоро ба мороне монанд мекунанд, ки дар бағали давлат буданду мунтазири ишора, то заҳрашонро чаконанд…
Суханони мардум ҳақиқати маҳз буданд, ҳақиқати талх!
Каме ба таърих баргардем. Ҳукумати кишвар бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ дар Маскав дар таърихи 27 июни соли 1997 аз рӯи саҳмияи 30-дарсада ба намояндагони Иттиҳоди мухолифин ҷои кор доду вазифа…
Размандагони ҲНИТ бошад, ба баталёни 25 ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ қабул шуданд. А.Назарзода ва ҳамтоёни вай низ ба сохторҳои ҳукуматӣ дохил шуданд. Давлат ба хотири сулҳ, оромиши кишвар ба ӯ ва афроде, ки имрӯз дар як сангар нишаста, бар зидди Ҳукумат исён бардоштанд, ҷои кор, моҳонаи баланд, шароити хуби зиндагӣ барояшон муҳайё сохта буд.
Воасафо! Онҳое, ки дар тӯли 18 соли сипаригашта нону намаки давлату ҳукуматро хӯрда буданд, ба намакдон туф карданд, ба давлат хиёнат карданд. Давлату Ҳукумат ба хотири сулҳу осоиштагии кишвар ба онҳо бовар карда буд, вале онҳо даст ба хиёнат заданд.
Чанде қабл аз ин як нафар намояндаи баландпояи ҲНИТ дар мусоҳибааш мегӯяд, ки: «ҲНИТ-ро чи хел банданд, ҳамон хел боз мекунанд!» Аз куҷо ин қадар боварӣ? Дар урфият мегӯянд, ки шамол набошад, нӯги дарахт намеҷунбад…
Дар муқоисаи ҲНИТ бо ҳизби ихвонулмуслимин ҳаминро бояд қайд, ки ҳизби ихвоналмуслимин солҳо боз аз номи ислом сухан гуфта, шаҳрвандони софдили Мисро барои манфиатҳои шахсии худ гумроҳ мекард. Роҳбарони ҳизби мазкур барои ба сари қудрат омадани худ ҳазорҳо нафарро ба майдонҳо кашида, хуни мардуми бегуноҳро резонданд. Аммо вақте, ки курсиро соҳиб гаштанд, мардуми мазлумро фаромӯш карданд. Хушбахтона, ҳамагӣ дар як соли ҳукмронии ихвонулмуслимин чеҳраи воқеии аъзои он ҳизбро халқи бузурги Миср шинохт. Дар натиҷа бори дигар ихвонулмуслиминро сарнагун гардида, бо пешниҳоди мардуми мазлум ҳизби мазкур ҳизби террористӣ эълон гардид.
Ба ақидаи баъзе соҳибназарон як нӯги калоба ба сафорати яке аз кишварҳои ғарбӣ мерасад. Ин кишвари ғарбӣ барои паст задани нуфузи созмони СААД ба ҷониби норизоён «дасти кӯмак» дароз карда, барпо гаштани ҷаласаи навбатии СААД-ро дар Душанбе хушбин набуд. Дигарон мегӯянд, ки ҳадафи асосӣ – Федератсияи Россия ва президенташ В.В.Путин буд.
Дар тамоми нооромиҳои ҷаҳон — воқеаҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия, Миср, Яман, Украина дасти абарқудратҳо бараъло эҳсос мешавад. Сиёсати дурӯя доштани онҳо низ ба мардуми одӣ аён шуда истодааст. Шояд, нафаре эътироз кунаду бигӯяд, наход воқеаҳои Украина низ дасти дигар давлат бошад? Бале, то сарнагун шудани Янукович, президенти фирории Украина, чандин бор роҳбарони ҳукумати Украина бо дасти Ғарб иваз шуда буданд ва ташкили майдонҳои сиёсии ранга низ кори дасти онҳост.
Рӯй додани воқеаҳои рӯзҳои охир мардуми кишвари маҳбубамонро ба ташвиш овард, зеро мардум намехоҳад, ки сарзамини мо боз ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шаваду боз воқеаҳои хунини солҳои навадум рух диҳанд. Худо мардуми тоҷикро аз он рӯзҳои бад эмин нигоҳ дорад!
Аз сари кишваре, ки нав ба синни 24 расидааст, то кунун чандин мушкил гузаштааст ва ҳар бор кишвари тозаистиқлоли мо имтиҳонҳои давронро сарбаландона паси сар мекард. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, шӯриши полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев, воқеаҳои дараи Камароб (кушта шудани 29 сарбоз аз ҷониби мулло Абдулло), ҳодисаҳои нангини Хоруғ ҳамааш бо саъю талош ва сиёсати оқилонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва муборизаи беамони сохторҳои қудратии кишвар ба некӣ анҷом ёфтанд.
Бале, давлати соҳибистиқлоли мо нав ба 24 расидааст. Он давлатҳое,ки таърихи ҳазорсола доранду боз кашмакашиҳо, ноамниҳо, нобарориҳо низ доранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Москва даррав бунёд нагардидааст». Албатта, қазияи А.Назарзода ва гумоштагони ӯ низ паси сар хоҳад шуд. Гунаҳкорон, ҳатман ҷазои лозимаро мегиранд, дараи Ромит боз макони сайру тамошо мегардад, аммо номи А.Назарзода ва гумоштагони ӯ ҳамчун хоинони миллату Ватан дар саҳифаҳои сиёҳи таърих сабт хоҳад шуд!
Қаюмов Муҳаммадамин
собиқ роҳбари иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик,
магистри факултаи шариати исломии Донишгоҳи Азҳар