«Ҳидоятҳо»-и Абдуллоҳи Нурӣ сарчашмаи тундравӣ ва ифротгароӣ

Сентябрь 21, 2015 12:09

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар». —   Густариши бесобиқаи ақидаҳои тундрав ва шиддати ифротгароӣ дар тамоми ҷаҳон, минтақа ва кишвар наметавонад боиси изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии кишвар нашавад. Ҳодисаҳои аввали моҳи сентябр баёнгари интиқоли ақидаҳои тундрав ба марҳилаи татбиқи амалӣ мебошанд. Дар натиҷаи кўшишҳои баъзе нохалафон барои ноором кардани ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ мо шоҳиди хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ гардидем. Таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат нерўҳои харобкор ва аъзову ҳаводорони ҲНИТ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи ин ниҳодро ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол мебарад. Зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб аз коршиносон ва таҳлилгарон тақозо менамояд, ки реша ва сарчашмаҳои эътиқодӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва молиявии онро биомўзанд. Хиёнати яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин Назарзода, ки бештар бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим маъруф буд, далели аҳамия¬ти аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти сарчашмаҳои интишори ақидаҳои тундрав мебошад. Фаъолияти ҳар гуна гурўҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ решаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ дорад, ки пайравонашро барои даст задан ба хушунат ва амалҳои харобиовар роҳнамоӣ мекунад. Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, бешубҳа яке аз муассисон ва падарони маънавӣ барои аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ мебошад, ки суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад. Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кўшишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва «ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад. Ба унвони мисол мехостем якчанд намунаеро аз суханрониҳои Нурӣ манзури хонандагон гардонем, то худи онҳо бихонанду хулоса бароранд. Маҷмўаи суханронӣ ва навиштаҳои Саййид Абдуллоҳи Нурӣ соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони наҳзати исломии Тоҷикистон бо теъдоди 5000 нусха бо ҳуруфоти форсӣ бо унвони «Он сўи сиёсат» ба табъ расидааст, ки муҳтавои он саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ мебошад. Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор «дору-л-куфр» (кишвари куфр) ва «дору-л-ҳарб» (кишвари ҷанг) номидааст (саҳ. 190). Дар саҳифаи 198 ин китоб чунин омадааст: «Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рўз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А,) бошанд». Оқои Нурӣ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки дар кишвари худ боқӣ монда буданд, кофир хонда, даъват ба рехтани хун ва ғасби моли онҳо мекунад: «Касе, ки дар сарзамини душман иқомат меварзад, агарчи донишманди ақидаи ислом аст ва ў қодир аст ба тарафи мусалмонҳо биёяд, агарчи худашро мусалмон мешуморад, ҳукмаш ҳукми мушрик аст, наъузу би-л-Лоҳ. Яъне, ҳукмаш ҳукми як кофир аст. Тасарруф дар молаш ҳалол аст ва хуни ўро ҳам рехтан ҳалол аст» (саҳ. 198). Ватанбезорӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба муқаддасот ва рамзҳои миллӣ дар суханронии оқои Нурӣ ҳадду канор надорад: «Имрўз вақте ки биравад мард ба як мамлакати кофир, агар чанде, ки худашро мўъмин ҳисоб кунад, муртад мешавад. Аз ин ҷо рафтан ба дори (кишвари) Раҳмонов, албатта маълум аст, ки аз зери парчами «Ло илоҳа илло-л-Лоҳ» ба зери парчами КПСС аст, ғайр аз ин ҳеч маъно надорад!» (саҳ. 199). Бибинед, ки чӣ гуна оқои Нурӣ, ки наҳзатиён ўро устод ва пешвои рўҳонии худ мешуморанд, даъват ба рехтани хун ва тасарруф дар молу номуси тоҷикон мекунад: «Аҳкоми онҳо ин, ки куштанаш ҷоиз аст, молаш мубоҳ аст. Агар занаш аз ин тараф монда бошад, никоҳаш фосид ва мунфасих мешавад». Худ қазоват намоед, ки аз дастпарварони мадрасаи чунин устод чӣ чизеро метавон таваққўъ кард?! Аҷибаш ин аст, ки ин ақрабмиҷозон ҳатто баъд аз афв ва пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар аз интишори «ҳидоят» ва даъват ба хушунату тундравӣ даст накашидаанд, вагарна чаро ба ҷои тавбаву пушаймонӣ аз амалҳои нангини худ Кумитаи ҷавонони наҳзати исломӣ маҷмўаи суханрониҳои инсонситез ва тоҷикситезу ватанситезии оқои Нуриро бо чунин теъдоди бузург ба табъ расонида, байни аъзои ҷавони ҳизби худ паҳн мекунанд. Магар ин аст даъват ба сулҳу ободӣ, ки наҳзатиён ҳамеша иддао мекунанд? Дар муқоваи китоб акси оқои Нурӣ ва ҷангиёни мусаллаҳи хориҷӣ омадааст. Ин ҷо суоли мантиқие ба миён меояд, ки ҷангиёни кишвари дигар чӣ рабте ба наҳзатиҳо доранд? Мо танҳо хоҳони онем, ки шаҳрвандони кишвари азизи мо ба ин суханҳои хушунатомези оқои Нурӣ бо чашми басират бинигаранд ва аз андешаву мақсадҳои палиди пайравонаш огоҳ бошанд. 
Мо боварии комил дорем, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнўъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд. 

Рустам Азизӣ  –  муовини директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад