Иштироки ҳайати парлумонии кишвар дар конфронси Ню-Йорк
Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико оғоз ёфт, ширкат намуд.
Дар конфронс беш аз сад раисони парлумонҳои кишварҳои дунё -Чин, Эрон, Ҳиндустон, Белгия, Канада, Шветсария, Кипр, Уммон, Тунис, Ангола, Мозамбик, Чехия, Туркманистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.
Пан Ги Мун — Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Сабер Чаудлхарӣ-Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Сам Кутесса- Президенти Ассамблеяи Генералии СММ дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш ширкат намуда, сухан карданд. Инчунин, Форес Уитакер — артист, гуманист ва қосиди сулҳ сӯҳбат намуд. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд матраҳ шуд. Зикр гардид, ки солҳои охир талоши ниҳодҳои СММ дар ҳалли масъалаҳои ихтилофангези миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муассир аст. Пан Ги Мун -Дабири кулли СММ аз сатҳи равобити СММ бо парлумонҳои ҷаҳон дар тамоми арсаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин заминаи хуби ҳамкорӣ бо парлумонҳо натиҷа ва самараи заҳмати раисони парлумонҳои кишварҳои дунёст. Дар ҷаласаҳои конфронс иштирокдорон доир ба иҷрои тавсияҳои асосии конфронсҳои гузашта ва афзоиши меъёри ҳамкориҳои байналмилалии парлумонӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ дар кори парлумонҳо — тамоюли ҷаҳолат, демократия дар хидмати сулҳ ва рушди устувор, нақши парлумонҳо дар рушди устувор, мушкилоте, ки имрӯз парлумонҳои ҷаҳон ба онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, таъсири парлумонҳо дар беҳдошти зиндагии мардум ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






