Иштироки ҳайати парлумонии кишвар дар конфронси Ню-Йорк

Сентябрь 1, 2015 04:41

    Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико оғоз ёфт,  ширкат намуд.
Дар конфронс беш аз сад раисони парлумонҳои кишварҳои дунё -Чин, Эрон, Ҳиндустон, Белгия, Канада, Шветсария, Кипр, Уммон, Тунис, Ангола, Мозамбик,  Чехия, Туркманистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.
Пан Ги Мун —  Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид,  Сабер Чаудлхарӣ-Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва Сам Кутесса- Президенти Ассамблеяи Генералии СММ  дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш ширкат намуда, сухан карданд. Инчунин, Форес Уитакер — артист, гуманист ва қосиди сулҳ сӯҳбат намуд. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва рушд матраҳ шуд. Зикр гардид, ки солҳои охир талоши ниҳодҳои  СММ дар ҳалли масъалаҳои  ихтилофангези  миёни кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон муассир аст. Пан Ги Мун -Дабири кулли СММ аз сатҳи равобити  СММ  бо парлумонҳои ҷаҳон  дар тамоми арсаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин  заминаи  хуби ҳамкорӣ бо парлумонҳо натиҷа ва  самараи заҳмати раисони парлумонҳои кишварҳои дунёст. Дар ҷаласаҳои конфронс  иштирокдорон доир ба иҷрои тавсияҳои асосии конфронсҳои гузашта ва афзоиши меъёри ҳамкориҳои байналмилалии парлумонӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ дар кори парлумонҳо — тамоюли ҷаҳолат, демократия дар хидмати сулҳ ва рушди устувор, нақши парлумонҳо дар рушди устувор, мушкилоте, ки имрӯз парлумонҳои ҷаҳон ба онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд,  таъсири парлумонҳо дар беҳдошти зиндагии мардум  ибрози назар намуданд.

 

Сентябрь 1, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад