Истиқлолият — дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои таърих

Сентябрь 8, 2015 08:32

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба истиқболи солгарди  24-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар  Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Истиқлолият — дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои таърих» конфронси илмию амалӣ барпо гардид. 
Ректори донишгоҳ  Анвар  Мақсудов дар суҳбати худ,  аз ҷумла изҳор дошт, ки  Ҳукумати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмини  самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳама чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. 
Тарбияи насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир бояд ҳадафи асосӣ ва муҳими фаъолияти ҳар як омӯзгор бошад. Зеро пешрафту тараққиёти давлатро маҳз мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд.
Инчунин дар конфронс дар мавзӯъҳои «Истиқлолият — омили  ҳастии  миллат  ва  бақои  давлат», «Маориф — самти афзалиятноки  сиёсати  Президенти  мамлакат» маърӯзаҳо шунида шуданд.

 

Сентябрь 8, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид