Изҳороти ҷавонони шаҳри Турсунзода

Сентябрь 8, 2015 04:32

       Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо, ҷавонони шаҳри Турсунзода ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипосии он Назарзода Абдуҳалимро сахт маҳкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрўзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани  поки  хоҳарону модарон даъват менамоем.
         Мо, ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дарки амиқи вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, даъват ба амал меоварем, ки ҳама якҷоя, аз як гиребон сар бароварда, дасти ҳамдигар гирифта, якдилу ҳамфикру ҳаммаслак гашта, дасти худ  болои қалб гузошта, бо садоқати самими ватандўстона, виҷдони поки ҷавонмардона, ғурури баланди тоҷикона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замона, аз ҷумла терроризму экстремизм муборизаи беамон мебарем! 
       Мо чун қувваи пешбаранда ва  нерўи созанда танҳо барои ояндаи дурахшон ва шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош менамоем, баҳри ҳимояи он қалбҳои сўзони худро дар муҳофизати марзу бумаш сипар намуда, намегузорем, ки касе аз душманони аҷнабӣ ва дохилӣ ҳамсолони моро ба гумроҳӣ баранд ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизро халалдор  созанд.
       Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки пешвои миллатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дўст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем ва барои ободиву шукуфоӣ, ҳифзи марзу буми Ватани азизамон кўшиши дучанд намоем ва бо рўҳияи баланд ба сўйи созандагиву ободонии диёр, таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем…» қадамҳои устувор мезанем!
      Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Сентябрь 8, 2015 04:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд