Изҳороти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои аввали моҳи сентябр

Сентябрь 14, 2015 13:36

Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯйдодҳои нохушоянд дар оғози моҳи сентябр боиси эҷоди ташвишу ноамнӣ ва сабаби нигаронию гирифтахотирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон гардид ва ба обрӯю эътибори байналмилалӣ ва амнияти кишвар як доғи сиёҳ ворид намуд. Хиёнат ба Ватан дар ҳар давру замон барои ҳар қавму миллат ҷиноят ва гуноҳи нобахшиданӣ мебошад, вале агар онро намояндаи масъули давлатӣ аз ниҳодҳои қудратӣ содир намояд, он ҷавобгарии бештар дорад, зеро либоси низомӣ ба бар кардан маънои амонату замонат додани суботу оромии давлату шаҳрвандонро дорад.  Ҳадафи таъсиси гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдулло Умаров, ба муборизаи мусаллаҳона ҷалб намудани низомиён ва кушта шудани одамони бегуноҳ ба ҷуз қудратхоҳӣ ва ноором кардани вазъи сиёсию амниятӣ дар кишвар чизи дигаре нест. Амали аз ҳама бадтарин дар ин ҳодисаи мудҳиш хуни ба ғайри ҳақ рехтан ва талафоти ҷонӣ аст, зеро он бо худ наҳсу касофат ба бор меоварад. Дар ояти 32 сураи Моида бар ҳақ омадааст, ки «ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод (роҳзан ва муртад шудан) дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро якҷо кушта бошад». Воқеан ин ҷинояткорони зархарид бо даст задан ба хиёнат ва куштори одамони бегуноҳ ба табъи равон ва орзую ҳаваси созандагии шаҳрвандон ҷароҳати ҷонкоҳ ворид карданд ва чунон эҳсосоте пайдо шуд, ки гӯё шамшер ба гардани тамоми мардум зада бошанд. Ин амалҳои нангин боиси вокуниши шадиди мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Онҳо талошҳои роҳбарияти Тоҷикистон¬ро барои ҳифзи субот на танҳо дар дохили кишвар, балки кӯшишҳои пешгирӣ намудани нооромиҳо ва таъмини амнияти минтақаро низ ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
Дар баробари интиқоди нерӯҳои созандаи кишвар аз ин амали нангин инчунин мо шоҳиди вокуниши роҳбарияти ҲНИТ гардидем, ки гӯё Ҳоҷӣ Ҳалим ба ин ҳизб ҳеҷ робитае надорад ва ҳеҷ гоҳ аъзои он набудааст. Вале бояд тазаккур диҳем, ки агарчи ин хоини ватанфурӯш дар зоҳир узви ҲНИТ маҳсуб намешавад, аммо дар гузашта аз ҷумлаи аъзо ва ҷангиёни фаъоли он будааст ё ба таъбири мардумӣ «дар деги ҲНИТ пухтаву ҷӯшидааст». Маҳз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шахсияти Ҳоҷӣ Ҳалим ва сиришти палиду хиёнаткори ӯ ташаккул ёфт ва инак ин каждуми зери бӯрё муқтазои табиаташро зоҳир намуд. ҲНИТ асосан барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ даст ба муборизаи хунин зада буд ва аз дини мубини ислому бовару эътиқоди мардум ба унвони василаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурд. Дар ниҳодҳои низомии таъсисдодаи ҲНИТ афроди зиёде ба мисли ин хоинон тарбият ёфтаанд, ки хамеша сиришти ҷангҷӯ ва харобкунандаи худро нигоҳ медоштанд ва танҳо мунтазири фурсати муносиб барои изҳори он буданд. Ҳарчанд баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдат гуноҳи аксари иштирокдорони задухӯрдҳои миллаткуш афв карда шуд ва ба онҳо имконияти иштироки бевосита дар ҳаёти сиёсӣ муҳайё гардид, вале ғуруру нописандӣ ва орзуи дастёбӣ ба қудрати комили сиёсӣ дар ниҳоди онҳо нуҳуфта буд ва пешрафту дастовардҳои ҷумҳуриро бо чашми басират дида наметавонис¬танд. Онҳо ҳамеша интизори муҳайё шудани фурсати муносиб барои изҳори ғаразҳои нопоки худ буданд, ки вазъияти ҳоло ба вуҷуд омада исботи бебаҳ¬си ин гуфтаҳост.     
Аслан шаҳрвандони ҳар кишварро новобаста аз низоми сиёсӣ метавон ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо кард: ақаллияти созанда; аксарият ё оммаи мардум; ва ақаллияти харобку¬нан¬да. Бӯҳроне, ки ба амал омад, аз он дарак медиҳад, ки гурӯҳи размандаи харобкор ҳанӯз дар ҳолати «санг дар бағал» қарор доранд ва дар хурдтарин фурсати муносиб ниятҳои зишти худро ошкор месозанд. 
Мо чунин мешуморем, ки дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста дар ҳамкорӣ бошанд ва барои ошкору пешгирӣ кардани ин қабил хиёнатҳо суботкорона фаъолият намоянд. Мо ҳанӯз наме¬та¬вонем мавҷудияти ақаллияти харобкорро дар ҷомеа истисно кунем ва нисбат ба ғаразҳои нопоки онҳо бетараф бошем. Дар айни замон бояд саъю талошҳои ақаллияти созанда дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то вазъи оммаи мардум аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин будан бо ҷойҳои корӣ беҳтар гардад ва раванди рушди устувору бебозгашти ҷумҳурӣ ба даст ояд. 
Ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будани худро изҳор намуда, боварӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қудрати комилан бартараф кардани чунин падидаҳои номатлубро дорад ва раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагию ободониро дар ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад.  

 

Сентябрь 14, 2015 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб