Изҳороти Шўрои олимони ҷавони Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2015 05:55

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имсол 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. 24 сол дар назди таърих на он қадар мўҳлати тўлонист, вале барои кишвари мо ва аҳли ҷомеаи мамлакат, хусусан ҷавонон солҳои фаромўшнашванда мебошад.
Зеро истиқлолияти давлатӣ  барои мо назар ба кишварҳои дигари собиқ Шўравӣ  бо душворӣ  ба даст омад. Дар аввали солҳои истиқлолият мардуми кишвар воқеаҳои нангинро аз сар гузарониданд, ки он вақтҳо ҳатто хатари аз байн рафтани кишвар ба миён омада буд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  шуда гузашт. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмўъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ  зарари моддӣ  расонид. Садҳо хонаҳо сўзонда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд.
Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодӣ , иҷтимоӣ  ва сиёсӣ  ба мўҳлати 40-50 сол ба қафо рафт. Ин доғҳои сиёҳи таърих барои мо ҷавонони зодаи истиқлолият сабақи таърихӣ  буда, мо онро амиқан маҳкум месозем.
Наслҳое, ки истиқлолиятро бо заҳмати зиёд ба даст овардаанд, онро ба ҷавонони муосир месупоранд. Акнун тақдири ояндаи истиқлолият аз ҷавонон вобастагии калон дорад. Дар асл мо ҷавонон истиқлолиятро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медорем ва намегузорем, ки пойи шуми нохалафе дар рушди босуботи ҷомеаи демократии мо бирасад.
Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омўзиш, ибрат ва шукўҳмандӣ  бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад.
Саҳифаҳои рангин ва рўзгори равшани миллати мо дар тўли таърих бо талошу муборизаҳои ниёгонамон, пешвоён ва сарлашкарон: — Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Шерак, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони шарафманди дигар тавъам буданд.
Ватан мояи ифтихор ва истиқлолияти давлатӣ  чароғи равшани роҳи мо ҷавонон барои рушди ояндаи кишвар аст. Ҷавонони мо имрўз ватанро дўст медоранд ва ҳар ваҷаб хоки онро пос доштаву қадр менамоянд.
Ҷавонон бузургтарин нерўи пешбарандаи ҷомеа буда, умеду муттако ва созандагони имрўзу фардои Ватан ба шумор мераванд.
Бо таваҷҷуҳ ба нақши калидӣ  доштани ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар, зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми январи соли 2015 Сарвари мамлакат нақши ҷавононро дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ  ҳамчун нерўи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят муҳим арзёбӣ  намуда, ҷавононро давомдиҳандагони анъанаҳои неки дивлатдорӣ  ва татбиқгари ҳадафҳои олии имрўзу фардои Ватан ба қалам доданд, ки, бе шубҳа, далели гуфтаҳои болост.
Мо ҷавононро вақти он расидааст, ки дар сояи сиёсати оқилона ва пайгиронаи Президенти кишвар ҳамчун тоҷик, тоҷдор, фарзандони бонангу номуси миллат нагузорем, ки хоинони бадхоҳи Ватан-модари мо ба ҳадафҳои нопокашон бирасанд.
Имрўз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ, хамчун кишвари соҳибистиқлол, сулҳпарвар, фарҳангдўст мешиносанд. Ҳамчун намунаи ибрат аксарият давлатҳо аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода менамоянд.
Мо ҳамаи ин амалҳои бадхоҳона ва муғризонаи хоинони Ватанро ба мисли Назарзода Абдуҳалим ва ҳаммаслаконаш маҳкум намуда, зери сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвари маҳбубамон, мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки барои ободии кишвар равона карда шудааст, хоҳони сулҳу субот ва осоиштагии мардуми кишвар буда, ҳимоятгари ваҳдати миллӣ  ва истиқлолияти комил хастем.
Шўрои олимони ҷавони Тоҷикистон ин амали хиёнаткоронаи хоинони миллатро маҳкум намуда, дар раванди рушди босубот, пешрафт ва шукуфоии ҷомеаи демократии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад!

 

Сентябрь 8, 2015 05:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид