Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба анҷом расид

Сентябрь 2, 2015 05:26

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал кишоварзони ҷумҳурӣ муташаккилона  кишту кори такрории зироатҳои кишоварзиро  ба анҷом расониданд. Тибқи нақша имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар замин  такроранкишт карда мешавад. Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар майдони 75726 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 101,4 фоизи нақша буда, дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6113 гектар афзунтар аст. 
Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31571 гектарро кишти ғалладона, 14143 гектарро кишти ҷуворимакка барои дон, 6150 гектарро шолӣ ва  11278 гектарро  ғалладонаҳои дигар  ташкил додаанд. 
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ то имрўз дар майдони 213 гектар кишти картошка, 7856 гектар  сабзавот, 3210 гектар полезӣ, 2910 гектар зироатҳои техникӣ ва 29967 гектар тухми  такрорӣ барои  хўроки чорво кошта  шудааст. 

 

Сентябрь 2, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад