Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба анҷом расид
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал кишоварзони ҷумҳурӣ муташаккилона кишту кори такрории зироатҳои кишоварзиро ба анҷом расониданд. Тибқи нақша имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар замин такроранкишт карда мешавад. Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар майдони 75726 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 101,4 фоизи нақша буда, дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6113 гектар афзунтар аст.
Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31571 гектарро кишти ғалладона, 14143 гектарро кишти ҷуворимакка барои дон, 6150 гектарро шолӣ ва 11278 гектарро ғалладонаҳои дигар ташкил додаанд.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ то имрўз дар майдони 213 гектар кишти картошка, 7856 гектар сабзавот, 3210 гектар полезӣ, 2910 гектар зироатҳои техникӣ ва 29967 гектар тухми такрорӣ барои хўроки чорво кошта шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






