Коршинос: Пиряхи Федченко-лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё

Сентябрь 30, 2015 14:43

Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода). –  Тавре иттилоъ дорем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чандин чорабинии сатҳи баланди СММ иштирок ва баромадҳо намуда, аз ин минбари баланди байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа кард. Аз ҷумла, яке аз ин пешниҳод масъалаи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об,  андешидани чораҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он буданд. Коршиносони тоҷик  ташаббусҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ хеле созанда ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
 
Зайналобиддин Кобулиев-директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи  ҷаҳонро дар хатар гузоштааст, зеро ин масъала имрӯз як омиле шудааст, ки ҷаҳониён наметавонанд онро нодида гиранд.  Номбурда афзуд, барои омӯзиши омилҳои тағйирёбии иқлим аз ҷониби олимон аз солҳои 1932 мушоҳидаҳои иқлимӣ анҷом дода шудаанд ва  барои муайян кардани  оне, ки ин давра барои сохтани моделҳои математикӣ басанда аст ё не мушкилоти зиёд ҷой дошт. Дар ҳамин самт роҳбарияти кишвар чораҳои махсуси омӯзиширо роҳандозӣ намуданд, ки барои тадқиқоти илмии олимон дар самти омӯзиши иқлим мусоидат намуд, гуфт Зайналобиддин Кобулиев:      «Бо дастгирии Президенти кишвар шурӯъ аз соли 2010 имсол иқдоми неке амалӣ гаштааст, ки ин  барпо гаштани «Экспедитсияи 3-юми Помир» аст, яъне дар он тамоми ҷаҳониён шомил ҳастанд ва  Тоҷикистон дар баробари захираҳои бузурги обӣ доштан, ҳамчунин дорои пиряхҳои бузург мебошад, ки маҳз ба ҳамин хотир пиряхи Федченко-як лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё аст». 
 
Ба гуфтаи  директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташаббуси Президенти кишвар дар самти  оғози «Экспедитсияи 3-юми Помир» буд, ки олимони зиёде аз Донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои олам  ба омӯзиш ва муайянсозии тағйирёбии иқлим ва пешгирии паёмадҳои он ҷалб гардида, барои тарҳи нақшаи нави илмии  масъалаи иқлим  мусоидат намудаистодаанд:  «Имсол аввалин шуда, бо роҳбарии  профессори Донишгоҳи Айдаҳо  Айзен Владимир аллакай тадқиқот оғоз гардид, ки  он идома хоҳад ёфт ва сабаби он омӯхтани иқлим дар давраи гузашта аст, ки аз инҷо намунаҳо гирифта мешаванд ва баъди омӯхтани ин намунаҳо  муаяйн мегардад, ки даврияти тағйирёбии иқлим дар пеш чӣ гуна будааст, то мо тавонем, як модели мукаммали илмиву асосноки математикӣ пешниҳод намоем». 

Зайналобиддин Кобулиев ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими глобалӣ иброз дошт, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  натанҳо оид ба пешгирии тағйирёбии иқлим, балки дар баробари ин роҷеъ ба масъалаи об низ ташаббус нишон дод, ки натиҷаи он баргузории конфронси сатҳи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Душанбе мебошад. Номбурда  иброз дошт, ки чунин  чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ имкон дод, ки  ҷомеаи ҷаҳон барои ҳалли масъалаи об ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти тағйирёбии иқлим иқдомҳо пеш гиранд: «Яке аз нуқтаҳои муҳими ин конфронс он буд, ки барои нигоҳ доштани пиряхҳо мо бояд ҳатман  дар баландкӯҳҳо обанборҳо баланд дошта бошем, яъне, ки ин асосноккунии сохтани нерӯгоҳҳои  барқиву обие мебошад, ки мо дорем ва он метавонад  як макроиқлим дар гирди пиряхҳо сохта, шиддатнокии  зиёд шудани ҳароратро пахш кунад»,-афзуд номбурда.

Муҳиба Яқубова-ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари шӯъбаи илмҳои биология ва тиб  пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷмааи СММ  оид ба ҳамкории олимони соҳа аз кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки чунин ташаббус метавонад барои ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои муҳими глобалӣ вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мусоидат намояд: «Мо олимон бояд, ки ҳамин пешниҳоди Президенти кишварро ба назар гирифта, оянда корҳои илмиро дигаргун карда, онро пеш барем ва корҳои илмиро бо ҳамон равиш пешниҳод намоем, ки проблемаи об ва тағйирёбии иқлим ҳаллу фасли худро ёбад».

Ёдовар  мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карда, дар чорабиниҳои муҳими ин созмон иштирок дорад.

 

Сентябрь 30, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд