Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад

Сентябрь 4, 2015 06:02

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 11-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади арзёбии дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, таҳлили ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, омӯзиши зарфиятҳои асосии дипломатияи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири таҳдидҳои нави глобалӣ ба дурнамои сиёсати хориҷии бисёрсамта, таҳти унвони «Хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ баргузор мешавад.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 бахш баргузор шуда, дар кори он олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

 

Сентябрь 4, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад