Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ба Абдуллои Нурӣ: «Ҳизби исломӣ насозед, ки бадбахтӣ меоред»

Сентябрь 16, 2015 03:34

Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ин таъкиди Мавлавӣ дар яке аз суҳбатҳои ӯ бо Абдуллои Нурӣ ва дигар ташаббускорони созмондиҳии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз соли 1989 садо дода будааст. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» яке аз шогирдони Мавлавӣ Ҳиндустонӣ махсуми Бурҳониддин Нишонҷонов, ки шоҳиди он суҳбат будааст, хабар дод. 

АМИТ «Ховар»: Шумо, ҳамчун як шахси рӯҳонӣ имрӯз фазои динии мамлакатро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

Нишонҷонов Бурҳониддин: Мо пеш аз ҳама аз он шукрона мекунем, ки дар фазои орому осуда ба тоату ибодати худ машғул ҳастем, дар деҳаамон масҷиди панҷвақта фаъолият мекунад. Дуогӯ ҳастем, ки Худованди карим тинҷиро аз кишвари мо дур накунад. Дар кишварҳои хориҷӣ мешунавем, мусулмонон дар азобу кулфатанд, сарсону саргардону хонавайронанд. Мо ҳамеша дуо дорем, ки Худо онҳоро ҳам тинҷ кунаду балоҳоро аз болои сари онҳо низ дур кунад. Орзу дорем, ки тинҷиву осудагии кишварамон абадӣ ва ҷовидон бошад, чунки дар тинҷиву амонӣ бандаи муъмин метавонад ҳам кори дунёро кунад, ҳам кори охиратро. 

АМИТ «Ховар»: Дар кишварҳои Ироқ ва Шом (Сурия) гурӯҳе пайдо шудааст бо номи «Давлати исломӣ», ки ниқоби дини муъбини исломро ба сар кашида, ба қатлу ғорат, ба таҷовузу бедодгарӣ машғул аст…

Нишонҷонов Бурҳониддин: Фаъолияти ин гурӯҳро маҳкум мекунам, зеро кори ин гурӯҳ ғайришаръӣ мебошад. Рехтани хуни мусулмон, куштани мусулмон, зинда ба зинда оташ задани инсонҳо – гуноҳи кабира мебошад. Аз мо мепурсанд, ки ҳар нафаре дар он ҷангҳо иштирок кунаду кушта шавад, шаҳид мегардад? Мо ҷавоб додаему ҷавоб медиҳем, ки не, шаҳид не, балки ҳаром мемурад. Зеро дар он ҷо мусулмонро ба мусулмон шӯрондаанд, як қисмро шиа мегӯянд, як қисмро суннӣ ва бо ҳамин мусулмон бо мусулмон рӯ ба рӯ шудаасту хуни ҳамдигар мерезанд. Ин бало ва офатест, ки бояд нагузорем то ба кишвари мо расад. Он амалҳое, ки гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» содир мекунад, ба мусулмонон бадномӣ меорад, дини муъбини исломро дар назари дигарон паст мезанад. Ин гуна ҷангҳо ҳам дунёро хароб месозанду ҳам динро.

АМИТ «Ховар»: Мутаассифона дар кишварҳои Ироқу Сурия ҷавонони мо низ иштирок доранд. Ба андешаи шумо кадом омилу сабабҳо боис шудаанд, ки шаҳрвандони мо ба он ҷо мераванду дар кишвари бегона хору зору залил ҳалок мегарданд?

Нишонҷонов Бурҳонддин: Аз сари ҷаҳолат, нодонӣ мераванд. Фиребгарону шайтонҳо иғво мекунад, ҷавонони ноогоҳро таблиғ мекунанд, ки шумо равед ба Сурия он ҷо шаҳид мешавед. Инҳо бовар карда мераванд. Дар асл бошад, онҳо ҳеҷ шаҳид намешаванд. Яъне, ҷавонони мо аз ҷоҳилӣ, аз нодонӣ фиреб мехӯранду мераванд, ҳамин аст омили асосӣ. Ҳазрати пайғамбар Муҳаммади Мустафо    (с.а.в.) хислати бандагони худованд — мусулмонро сифат карда, чунин зикр карданд, ки: «Мусулмон шахсест, ки ягон мусулмон аз дасти ӯ, аз забони ӯ озор наёбад». Ҷойи дигар гуфтаанд: «Бандаи муъмин дӯстӣ мегирад бо дигарон ва дигарон дӯстӣ мегиранд бо ӯ, рафторе мекунад, ки дигарон ба ӯ муҳаббат пайдо кунанд». Мо доимо ба ҷавонон насиҳат мекунем, ки сулҳ болотару бештар аз ҳама меистад. Хусусан дар ҳамин замон.

АМИТ «Ховар»: Шумо шахсе ҳастед, ки давоми умри худ се давраро пушти сар кардед: замони ҳукумати шӯравӣ, даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва айёми сулҳу созандагии Тоҷикистон. Кадом ҳодисаҳои давраҳои гузашта дар ёди шумо нақш бастааст?

Нишонҷонов Бурҳониддин: Давлати шӯравӣ сиёсати хоси худро дошт, агарчӣ бо дин мушкилиҳо дошт, вале моҳиятан давлати раиятпарвар буд, адолати иҷтимоиро риоя мекард. Мо ки аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ ҳастем, доимо устодамон ба мо таъкид мекарданд, ки ба сиёсати давлат набояд ҳамроҳ шавем, тоату ибодати худро иҷро кунем ва ҳар қонуне, ки давлат қабул кардааст, тибқи он кору фаъолият дошта бошем, зеро ҳеҷ давлати ҷаҳон бар зарари халқу раияти худ кор накардаасту намекунад, балки дар фикри ҳифзи манфиатҳои халқу миллати худ мебошад.
Аммо дар хусуси ҳодисаҳои солҳои навадум, дигар хотираҳои нохуб ҳам дорем. Мо ҳамчун шогирдону пайравони содиқи Мавлавии Ҳиндустонӣ аз пайи ҷамъияту ҳаракатҳои навпайдошуда нарафтем. Ба таблиғу ташвиқоти саросарӣ дода нашуда, дар тазоҳуроти ба ном майдони шаҳидон иштирок намекардем. Лекин, аз тарс маҷбур будем як соату ним соат дар он майдон давр занем, то ин ки моро бубинанду нагӯянд, ки инҳо душманони мо мебошанд, чун бо мо нестанд. Он замон ҳамин хел буд, агар бо онҳо намерафтӣ, пас туро душману бедин эълон мекарданд. Саркардагони майдони шаҳидон назорат мебурданд, ки киҳо меоянду киҳо намеоянд. Мо тарсидем, ки ягон шаб омада, ба мову аҳли байти мо зарар мерасонанд, аз сари тарс мерафтему худро нишон медодем ва чунин нафарон мисли мо кам набуданд. Саркардагони майдони шаҳидон ба ҳар кор қодир буданд ва ҳар амали бадро ҳам содир мекарданд. Ҳар нафаре, ки ба онҳо муқобил мебаромад хавф буд, ки он нафарро онҳо несту нобуд мекарданд. 
Ёд дорам яке аз митингҳои худро пайравону шогирдони Мулло Абдулло моҳи рамазон оғоз карда буданд.  Намояндагони ҳукумат ба майдон омадаву баромад карда гуфтанд, ки охир мусулмон дар моҳи рамазон набояд ҳақорат кунад, бадгӯӣ кунад, дашном диҳад, ҷанҷол кунад. Охир шумо чӣ хел мусулмон ҳастед, ки дар моҳи рамазон ба майдон баромада, ин қадар дашному ҳақорат мекунед? Ба ин суханони намояндагони ҳукумат роҳбарони майдон ҳеҷ эътибор надоданд, балки гуфтанд шумо мансабҳоро холӣ карда, ба мо диҳед, гапу суханҳои қабеҳ заданд. Оқибат ҳамаро хафа карданд, балоро ба сари мардуми Тоҷикистон оварданд. 
Вақте бало мисли сел омад, дигар ҷудо кардани айбдору беайб амалест мураккабу мушкил. 

АМИТ «Ховар»: Шумо гуфтед, ки саркардагони майдони шаҳидон Мулло Абдулло ва шогирдони ӯ буданд. Мулло Абдуллои Нурӣ низ дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ сабақ гирифта буд?

Нишонҷонов Бурҳониддин:  Мулло Абдулло низ чанд вақте дар назди Мавлавӣ Ҳиндустонӣ таълим гирифта буд. Вале дар Андиҷон Раҳматулло аллома гуфтанӣ шахс пайдо шуда буд, ки таълимоти ваҳҳобия медод. Абдуллои Нурӣ бо ӯ алоқа пайдо кард ва муддати даҳ-дувоздаҳ сол аз ҳазрати Мавлавӣ дур гашт. Дар ҳамон давра тобеини мулло Абдулло дар ҳаққи Мавлавӣ суханони бад гуфта, номаи беном ҳам навишта буданд. Солҳои охири зиндагонии Мавлавӣ мулло Абдулло наздашон омада буд. Тавре ки гуфтам, мулло Абдулло 10-12 сол аз Мавлавӣ дур буд, вале дигар илоҷ наёфта омад, назди Мавлавӣ дархост кард, ки ӯро қабул кунад. Он замон Мавлавӣ  бемор буданд. Дар ҳамин беморбинӣ мулло Абдулло ба Мавлавӣ гуфт, ки шумо ба одамон бигӯед, ки моро ваҳҳобӣ нагӯянд. Ҳазрат ҷавоб доданд, ки ба гуфтани мо ин бадномӣ аз шумо дур намешавад. Шумо худатон дар ҳар маҳфилу маърака, ки бошед, изҳор кунед, ки мо хато кардем, шумо моро бубахшед, ки ақидаи ваҳҳобиҳоро қабул кардем ва акнун, ки иштибоҳи худро фаҳмидем, бас кардем аз гуфтани он ақидаҳо пушаймон ҳастем, ки аз пайи онҳо рафтем. Вале агар худи шумо хомӯш бошед, чӣ гуна мо метавонем шуморо аз ин айб пок созем? 
Ҳазрати Мавлавӣ инсони хуб буданд, ки мулло Абдуллоро қабул карданд, дигар нафар мебуд, шояд ӯро қабул намекард. «Акнун ин шахс пушаймон шудаву худованд ба роҳи рост ҳидояташ кунад», — гуфта бахшиданд мулло Абдуллоро ва иҷозат доданд, ки ба дидорбинӣ биёяд.

АМИТ «Ховар»: Абдуллои Нурӣ аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ҳамон солҳо андешаи созмон додани ташкилоти динӣ мавҷуд буд?

Нишонҷонов Бурҳониддин: Не, дар хусуси мавҷудияти ҳизби наҳзат солҳои 70-уму 80-ум ягон гап набуд. Вақте мулло Абдулло аз назди Мавлавӣ рафта буд, чанд муддат ҳар гуна бадгӯиҳо дар ҳаққи Мавлавӣ садо медоданд, аммо ягон гапу хабар аз таъсиси ҳизби исломӣ набуд. 

АМИТ «Ховар»: Яъне, даъвои ташкил шудани ҳизб дар соли 1973 асос надорад?

Нишонҷонов Бурҳониддин: Шояд ягон амали пинҳонӣ мекарданд, бо ҳамдигар пинҳонӣ вомехӯрданд, зеро онҳо аз пайи таълимоти бегона буданд. Вале ягон созмону ташкилот он солҳо надоштанд. Мавлавии Ҳиндустонӣ дар хусуси ҳизби наҳзати исломӣ гуфта буд: «Ҳизби исломӣ насозед, ки бадбахтӣ меоред». Муассисони ҳизби наҳзат хизмати ислом мекунем гуфта, ҳизб кушоданд, аммо хизмати онҳо, ба сиёсат дохил шуданашон, зарар ба ислом аст. Мо чунин мефаҳмем, ки дар ин замон аз гуфтани гапи сиёсӣ дур будан беҳтар аст. Холисан, фақат барои Худову расул, шинохти ҳалолу ҳаром, хондани намозу гирифтани рӯза, иҷрои ҳаҷу закот, риояи одобу ахлоқ, амалҳои неки шариатро, тоату ибодат ва монанди инҳоро таълим додан, хуб аст. Талаби мансаб кардан, ки мо раис шавем, мо ҳоким шавем ё мо депутат шавем, гуфтагӣ корҳо набояд бошад. Инҳо даъво доранд, ки бо амалдорӣ кардан, амалдор шудан, исломро пеш мебарем, хизмат мекунем. Аммо ба фаҳмиши мо ин кори онҳо зарар мерасонад. Вақте ки ба инҳо мансаб намерасад, он гоҳ онҳо давлатро бо рафтору гуфторашон, аз худ норозӣ мекунанд. Дар мансабҳои давлат дахолат кардану хостаҳои худро талаб кардан кори нодуруст аст. Бинобар ин мо фикри наҳзатиҳоро хато ҳисоб мекунем. Онҳо даъво мекунанд, ки дар Қуръон Худо «ҳизбуллоҳ» гуфтааст. Мо ҳизб ҳастем, мо гӯё ҳамон «ҳизбуллоҳ» ҳастем гуфта даъво мекунанд. 
Ба мо ҷавонон чандин маротиба муроҷиат карда гуфтанд, ки салафиҳову ҳизбиҳо омада, ба мо мегӯянд, шумо ба ҳизби мо ёрдам намекунед, ба он эътибор намедиҳед, рӯзи қиёмат ба ин муносибататон чӣ ҷавоб медиҳед? Мо ба ин нафарон чӣ ҷавоб диҳем, — гуфта аз ман мепурсанд. Ман ба онҳо ҷавоб додаму ҷавоб мегӯям, —   онҳое, ки душманони худову расулро дӯст намедоранд, бандаҳое ҳастанд, ки Худо дар дили онҳо имонро китобат кардааст, муҳр задааст, Худо аз онҳо розӣ аст, ана ҳамин шахсон ҳизбуллоҳ ҳастанд. Инҳо бандаҳои неки Худоанд. Огоҳ бошед, ки ҳамин ҳизби худо наҷотёбанда ҳастанд, дар ин дунё ҳам, дар охират ҳам, наҷот меёбанд. Инҳоанд ҳизбуллоҳ. Яъне ҳизби дар Қуръон зикршуда, ҳизби сиёсӣ ё партия нест. Аммо онҳое, ки ҳизби наҳзат ташкил карданд даъво доранд, ки мо ҳизбулоҳ ҳастем. Не, инҳо ҳаргиз ҳизбуллоҳ нестанд.   Ин ҳизби наҳзат чӣ натиҷа овард? Фақат зарар овард, бо дӯстони пеш кинаву буғзу адоват, мухолифат овард. Онҳое, ки ба ҳизби наҳзат ворид шуданд, ба онҳое, ки ба ин ҳизб ворид нашуданд ва ё онҳоеро, ки ба инҳо овоз надиҳанд, нисбаташон бадгумонӣ кардаву дар ҳаққашон беодобӣ мекунанд. Мебинед, ки ташкил шудани ҳизби наҳзат чӣ натиҷаи бад овард, ба ҷойи меҳру муҳаббат буғзу адоват овардааст. Аз ҷумла бо бештари онҳое, ки дӯст будем, вақте ки онҳо ба наҳзат даромаданд, дигар бо мо, ки ба ин ҳизб надаромадем, муносибати бад карданд, моро бад диданд. Агар бо онҳо рӯ ба рӯ шавем, як саломи рӯякӣ мекунему тамом. Кӯшиш мекунем, ки якдигарро набинем. Яъне онҳо боиси пайдо шудани тафриқа шуданд. Онҳо ба он дараҷа беадаб ҳастанд, ки онҳоеро, ки дар ҳизбуллоҳи худо ҳастанд, шумо ба ҳизби мо нагузаштед, ин ҳизбро ёрдам накардед, ба он овоз надодед, — гуфта, занони шумо талоқ гуфтаанд, ки ин худ камоли беадабӣ аст.
Дар замони муосир таъсис додани ҳизби динӣ, фаъолият кардани он дар майдони сиёсӣ, мансаб талаб кардан ба ислом фақат зарар меорад. Худатон шоҳид ҳастед, ки он ҳизбҳои алоқаманд бо номи ислом дар кишварҳои хориҷӣ чӣ балоҳоро ба сари кишварҳои худ овардаанд. Ҳозир аз ҳама беҳтар, аз ин гуна ҳизбҳо безорӣ кардан аст. Бигузор ҳизби наҳзати ислом фаъолияти худро қатъ кунад. Машғул шудан ба тоату ибодат, панҷ вақт хондани намоз, дуо кардан дар ҳаққи Ватани худ, аз Худованд талаби нигоҳ доштани тинҷиву амну осоиштагӣ дар Тоҷикистон вазифаи мусулмон аст. Ҳалолу ҳаром, ҳаёву ҳазар, покиву покизагӣ, шафқату муҳаббат ба одамон, ёрдам кардан ба муҳтоҷон, некиву накукорӣ – вазифаи мусулмонон ҳамин аст.  Вақте ба номи ислом ҳизб таъсис додаву мансаб ва ё депутатӣ талош мекунед, Худо меҳру муҳаббатро мегирад. Мо ба шогирдони худ насиҳат мекунем, ки ҳаргиз ба ягон ҷараёну ҳизбу ҳаракати бегонагон дода нашаванд, бандагии худро кунанд, аз ҳизбҳои гуногун хусусан аз ҳизби наҳзат худро дур ва дар канор гиранду бо онҳо ҳамроҳ нашаванд.
Дар тафсир омадааст, ки Ҳазрати Довуд (а) аз ҳазрати Парвардигор пурсидааст, ки Парвардигоро ҳизбуллоҳ киҳоянд? Парвардигор ба ҳазрати Довуд (а) ҷавоб додаст, ки ҳизбуллоҳ онҳоеанд, ки чашмҳояшон пӯшандаанд аз ҳаром, кафҳои онҳо, дастҳои онҳо саломатанд аз зарар додан ва пок ҳаст дилҳои онҳо. Инҳо ҳизби ман ҳастанд. Яъне, ҳазрати Парвардигор ҷавоб додаст, ки ҳизбуллоҳ касоне ҳастанд, ки аз ҳаром чашм мепӯшанд, ба номаҳрамон бо назари бад назар намекунанд ва кафи дастонашон аз зарар додан саломатанд ва дилҳояшон аз бадбинӣ, кинаву адоват, куфру ширк, бераҳмиву золимӣ покиза аст. Ба ёди Худоанд ва ҳамеша раҳмхӯри бандаҳои Худоанд. Ҷаноби пайғамбарамон мегӯяд, мусулмонро хислаташ ин аст, ки мусулмонон аз забони ӯ саломат мемонанд, ягон кас аз ӯ озор намебинад. Инҳоанд, ки ба гуфтаи Худову расули Худо худро метавонанд ҳизбуллоҳ гӯянд. 
Дар ҳамин ҳизбуллоҳ аз ҳама муқаддамтар, болотар аҳли тариқат будаанд, аз ҷумлаи эшонҳо. Мисли Эшони Абдураҳмонҷон, падару аҷдодашон аҳли тариқат буданд, роҳбарии мардумро карданд, ҳамаро ба ахлоқ, ба одоб, ба тоату ибодат, ҳидоят мекарданд. Ягон касро озор намедоданд, ягон шарру шӯре аз онҳо пайдо намешуд. 

АМИТ «Ховар»: Солҳои навадум ҷараёни ваҳҳобия пайдо шуда, мулкро нотинҷ, мардумро сарсону саргардон карда буданд. Солҳои охир ҷараёни салафия шиддат гирифта, ҷавононро гумроҳ кардаву ба майдонҳои ҷанг мекашад. Чаро дар ҷомеаи тоҷикона ҷараёнҳои бегона ва таълимоти бегона пайдо мешаванд?  

Нишонҷонов Бурҳониддин: Фиристодаҳои хориҷӣ ҷавонони нохонда, ношунидаву нодидаро ҳар куҷое бинанд, тарафи худ ҷалб мекунанд, онҳоро далолат мекунанд, ба ҳисси диндориашон нохун мезананд. Ҳамчунин ба баъзе аз онҳо маблағҳои пулӣ, маош медиҳанд. Ҳамин аст як сабаби зиёд шудани пайравони ҷараёнҳои бегона. Ба қориёну эшонҳои ҳақиқӣ, пайравони содиқи мазҳаби ҳанафия, ба онҳое, ки аз ҷараёнҳои хориҷиву ифротгаро безоранд, ин  гуна ашхос иҷозат бояд дар мадраса, масҷид, дар ҳар куҷо, ки мардум ҷамъ мешаванду маросими динӣ баргузор мекунанд, баромад кунанду ҷавонону наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кунанд. Аммо пеши роҳи онҳое, ки ақидаҳои ваҳҳобиву салафӣ доранд, бояд гирифта шавад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, бояд пеши роҳи салафиҳову ваҳҳобиҳо гирифта шавад ва таълимоти суннатии Имоми Аъзам дар мамлакат устувор боқӣ монад.

Сентябрь 16, 2015 03:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид