Муҳоҷирати ғайриқонунӣ- падидаи номатлуби аср
Душанбе, 22.09.15. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз бахусус кишварҳои Шарқи наздикро фаро гирифтааст, ин муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Ироқу Сурия ба давлатҳои Аврупо мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони ин кишварҳои ноором бо мақсади кӯч бастан тавассути Баҳри Миёназамин ба Аврупо рафта, дар бештари ҳолатҳо ғарқ мешаванд, зеро воридшавии онҳо тавассути киштиҳое, ки иқтидори бурдани ҳамаи муҳоҷиронро надоранд, ғайриқонунӣ мебошад. Агарчи аз як ҷониб муҳоҷирон ба Аврупо ғайриқонунӣ ворид гашта, ҷони худро аксаран аз даст медиҳанд, аммо кишварҳои дигаре, чун Венесуэла ва Полша омодаанд,то муҳоҷиронро на бо роҳи ғайриқонунӣ, балки расман вориди кишварҳои худ кунанд. Пайомадҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро ба кишварҳои Аврупо коршиносони тоҷик ба таври гуногун арзёбӣ менамоянд.
Сиёсишавии муҳоҷират хатари наве дар замони муосир
Коршиносон бар ин назаранд, ки раванди муҳоҷират баъд аз асри XX дар ҷаҳон пайдо шуда, бо мақсадҳои гуногун истифода мешавад. Аз ҷумла агар як қисми одамон муҳоҷиратро бо мақсади ба даст овардани маблағ ва таъмини зиндагии худ истифода баранд, қисмати дигари одамон муҳоҷиратро бо мақсади пайдо кардани макони амну осоиш ва дорои шароити мусоиди зиндагонӣ пешаи худ мекунанд. Ёрмаҳмад Ниёзӣ -директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як омили асосии муҳоҷирати ғайриқонунии аҳолии Ховари Миёнаро ба Аврупо маҳз дар осоиштагӣ ва имкониятҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ доштани ин кишвар ном мебарад. Ў мегӯяд, муҳоҷирате, ки қабл аз замони Шӯравӣ ва дар замони Шӯравӣ буд, хусусияти иҷтимоӣ дошта, бо сиёсат омехта набуд: «Аммо дар ҷаҳони муосир муҳоҷират бештар хусусияти сиёсӣ касб карда, ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода мешавад, аз ҳамин ҳисоб дар кишварҳое, ки муҳоҷиратро содир мекунанд ва кишварҳое, ки муҳоҷиронро қабул мекунанд, як дараҷа хатарҳое ба вуҷуд омада истодаанд, ки дар оянда пайомадҳои хеле хатарнокро дар пайи худ доранд»,- афзуд Ёрмаҳмад Ниёзӣ. Ба гуфтаи директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои кишвар сиёсишавии раванди муҳоҷират, аз ҷумла имкон медиҳад, ки имрӯз кишварҳои абарқудрат барои ноором сохтани кишварҳое, ки ба манфиати онҳо мебошанд, осон ва бо маблағи хеле кам аз ин омил сӯйистифода кунанд.
Чаро муҳоҷирони ғайриқонунӣ Аврупоро макони зист интихоб мекунанд?
Тибқи маълумоти оморӣ аз оғози соли 2015 инҷониб наздики 320 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Африқо, Шарқи Миёна ва Осиё вориди Аврупо гардидаанд. Хусусияти сиёсиву байналмилалӣ касб намудани муҳоҷират таконест барои Аврупо барои огоҳ шуданаш аз рӯзгори сахти ин аҳолӣ , афзуд Абдуғаффори Камол-коршиноси масоили сиёсӣ . Номбурда гуфт, яке аз омилҳои асосие, ки боиси рӯ овардани шаҳрвандони Ироқу Сурия ва кишварҳои Африқо ба сифати муҳоҷир ба кишварҳои Аврупо гаштааст, ин гуманизми инсондӯстӣ доштани Аврупо мебошад. «Акси он кӯдаки муҳоҷире, ки ҷасади ӯро баҳр ба берун бароварда буд, таконе шуд барои Аврупо, дар ҳоле, ки худи Арабистони Саудӣ ва Қувайт, ки аз нефту газ бой буда, дорои маблағҳои зиёд ҳастанду сатҳи баланди зиндагӣ доранд, аз қабули ин муҳоҷирон сарпечӣ карданд, аммо кишварҳои Аврупо , бахусус Олмон дар ин замина пешсаф шуданд ва як маротибаи дигар ҳамон гуманизми аврупоиро ба намоиш гузоштанд ва ин муҳоҷиронро қабул карданд»,- иброз дошт Абдуғаффори Камол.
Омили дигари ба Аврупо рӯ овардани муҳоҷирони ғайриқонуниро коршиносон дар макони амну осоиш будани он ном мебаранд. Фирдавс Ниёзӣ -устоди ДМТ дар робита ба ин мавзӯъ иброз дошт, ки кишварҳои аврупоӣ имрӯз мисли паноҳгоҳи чунин муҳоҷирони фирорӣ ҳастанд, зеро ин кишварҳо аз нуқтаи назари қонунгузориашон барои кумаки ин гурезаҳо муваззаф ҳастанд. Ӯ афзуд: «Дар қонуни асосии Иттиҳоди Аврупо қайд шудааст, ки ҳар он нафаре, ки аз нуқтаи назари сиёсӣ таъқиби сиёсӣ мешавад, ӯро ҳатман бидуни ягон масъалагузорӣ зери паноҳи худ қарор медиҳанд, яъне вақте ки муҳоҷират хусусияти сиёсӣ мегирад, давлатҳои Аврупо аз нуқтаи назари қонун ӯро ҳимоя мекунанд»,-афзуд устоди ДМТ.
Ҷомеашинос: Фиристодани муҳоҷирон роҳи ҳал нест!
Кишварҳое, ба мисли Вэнесуэла ва Полша имрӯз омодаанд қисмати зиёди муҳоҷиронро дар кишвари худ ҷо кунанд, аммо ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза садҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ кӯшиши воридшавӣ ба кишварҳои аврупоиро мекунанду дар бештари ҳолат аз ҷониби кормандони полис ё дигар шахсони нажодпараст зери фишори ҷисмонӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла ҳодисаи охире, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардид, ин дар Маҷористон аз ҷониби наворбардори ширкати телевизионии N1TV пешпо додани як гуреза мебошад, ки барои ин амал наворбардор аз кор ронда шуд. Дар ҳамин ҳол Дилором Раҳматова-муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар гуфт, ки ба муҳоҷират маҷбур кардани аҳолии кишварҳои даргир ва қабули онҳо аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ роҳи ҳал набуда, балки дар ин самт бояд роҳҳои дигарро пеш гиранд: «Пеш аз ҳама ман фикр мекунам, ки имрӯз он мамлакатҳое, ки дар он ҷо ҳамин даргириҳо идома доранд, аввалан бояд ҳукумати он мамлакатҳо қадами ҷиддӣ барои барқарор кардани сулҳ гузоранд, зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки агар худи ҳамон давлат дар бораи худаш фикр накунад, роҳбарони он дар бораи барқарор кардани оромӣ дар минтақа фикр накунанд, бо фиристодани муҳоҷирон масъала ҳал намешавад»,-афзуд ҷомеашиноси кишвар.
Роҳи дигари ҳалли масъалаи муҳоҷирони фирориро сиёсатшиноси тоҷик Абдуғаффори Камол дар кумакҳои давлатҳои рӯ ба тараққии Ғарб ҷиҳати сар назадани ҳар гуна даргириҳо дар кишварҳои Шарқи наздик ном бурд.
«Кишварҳои ғарбӣ ба ҷойи дар кишварҳои фақир ва кишварҳои ҷаҳони ислом пиёда кардани ҳадафҳои геополитикии худ, беҳтараш нисфи ин пулҳоеро, ки барои сармоягузорӣ дар ин ҷанг сарф мекунанд, агар барои рушди иҷтимоии ҳамин кишвар сарф кунанд, шояд хеле аз мушкилоти иҷтимоии ин кишварҳо ҳал шаваду мардум ба ин шиддат рӯ ба ҳиҷрат наоранду мушкиле ҳам барои кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд наоранд»,- афзуд номбурда.
Таҷрибаи Тоҷикистон-намуна барои баргардонидани гурезагон
Бояд гуфт, ки солҳои аввали истиқлолият бо сар задани баъзе нофаҳмиҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашта, боиси фирори шудани қисмати зиёди шаҳрвандони кишвар гашт. Дар чунин вазъияти мушкил бисёре аз шаҳрвандони кишвар хонавайрон гашта, Ҷумҳурии исломии Афғонистонро макони зист интихоб карда, тарки ватан карданд, аммо фироқи ёру диёр, хешу пайвандон ҳамеша гулӯгири ин гурезагон буд. Дар чунин вазъият Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи созиш ва мувофиқа бо роҳбарони дастаҳои мухолиф вазъияти ноороми кишварро пешгирӣ намуда, фирориёни кишварро ба Ватани худ, ба назди пайвандони онҳо даъват намуд. «Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани гурезагон дар симои роҳбари худ як таҷрибаи хуб дорад, зеро баргардонидани гурезагон ва барқарор кардани сулҳ дар минтақа кори осон набуд, аз ин рӯ то роҳбарони кишварҳои Шарқи наздик ба мисли тасмимҳои роҳбарияти кишвари мо тасмимҳои созандаро нагиранд, пеши роҳи ин корро гирифта намешавад»,-иброз дошт Дилором Раҳматова-ҷомешиноси кишвар.
Чунин рӯзҳои талху сангинро, ки дар сарнавишти халқи тоҷик бадбахтии бузургро эҷод кардаанд, шаҳрвандони мамлакат, хусусан гурезагони ватан бо хотираҳои талх ёд карда, аз дастгирии саривақтии роҳбарияту ҳукумати кишвар шукргузорӣ мекунанд. Яке аз сокинони вилояти Хатлон, ки нахост номашро ифшо кунад, иброз дошт, ки дар рӯзхои вазнине, ки дар мамлакати мо бесарусомонӣ ҳукмрон буд, ӯ рӯзгори сахтро паси сар кард, аммо ба худ иҷозат надод, ки рӯ ба муҳоҷират орад, зеро медонист, ки рӯзе ҳатман кишвараш аз вартаи ин бесарусомониҳо наҷот меёбад: «Гарчанде, ки дар ватани худамон будем, камакак азоб кашидем, ватани худамон ки буд боз дастгириамон карданд, аммо захми он рӯзҳо ҳеҷ гоҳ аз дилам намеравад»,-афзуд ин шаҳрванди кишвар. Тӯйчибек Маҳмудов-сокини ноҳияи Бохтар, ки ба вазъи ноороми онвақтаи кишвар тоб наоварда, бо аҳли хонадонаш рӯ ба фирор меорад, афзуд, ки барои як гуреза ё муҳоҷире, ки тарки диёри худ карда, кишвари дигареро хонаи худ интихоб мекунад, зиндагӣ хеле мушкил буда, ҳамеша ёди ёру диёр ӯро ором гузошта наметавонад. Номбурда гуфт, гарчанде Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо дастгирии СММ барои гурезаҳои фирории Тоҷикистон тамоми шароити зиндагониро муҳайё сохта буд, аммо ҷойи ватанро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад: «Ҳама чиз барои хӯрдан буд, аммо, иштиҳо набуд, ба пуррагӣ хурда наметавонистем, вақте ки суханони ҳамватанони худро дар радио мешунавидем, ҳама ашки чашм мерехтем ва мегуфтем, ки кош моро боз як маротибаи дигар ба ватан баргардонанд ва дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд»,- гуфт Туйчибек Маҳмудов- гурезаи солҳои ҷанг.
Аз чунин суханони гурезагони Тоҷикистон метавон хулоса баровард, ки барои ҳар соҳибватан, новобаста аз миллату нажод ва мавқеи ҷуғрофии кишвар муҳимтарин чиз дар ватан будану барои он хидмат кардан аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист дар муддати кӯтоҳ гуреза шудани шаҳрвандонашро пешгирӣ намояд, нагузошт, то миллати тоҷик таҳти таъсири фарҳангу тамаддуни бегона дар мулки бегона мисли ғариби беватан зиндагӣ кунад. Аммо имрӯз чунин вазъияти душворро аҳолии муҳоҷиршудаи Шарқи наздик, Африқо ва дигар кишварҳо паси сар намуда истода, қисмати зиёди ин муҳоҷирон бо роҳҳои гуногун ба ҳалокат мерасанд. Аз ин рӯ кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалиро мебояд барои ба эътидол овардани вазъият дар кишварҳои ноором тадбирҳои зарурӣ андешанд.