Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алмазбек Атамбаев
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дорои имконоти бағоят васеи рушду густариш мебошанд ва моро зарур аст, ки аз шароити ҳамсони табиию иқлимӣ ва сохтори монанди иқтисодии ду кишвари ҳамсоя пурсамар истифода барем”.
Алмазбек Атамбаев дар навбати худ ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳам омодасозии ҳамоиши сатҳи олии ин созмон баҳои баланд дода, аз ҷумла ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: “Ман Шуморо бо раёсати басо муваффақона ва самарабахши Тоҷикистон дар СААД табрик мегӯям”.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии иборат аз қариб 90 санади ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Тазаккур дода шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат ҳамоно афзалиятнок дониста мешаванд.
Фаъолнокии бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Қирғизистон зарур дониста шуд.
Ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ ва рушди тиҷорати наздимарзӣ ва дар ин замина ба таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии сокинони деҳоти наздисарҳадӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат ҳамчунин густариши робитаҳои нақлиётию тиҷоратӣ ва тавсиаи имконоти транзитии ду кишвари ҳамсоя ва бунёди роҳҳои транзитии оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли газ ва нерӯи барқ буд.
Ҳамчунин атрофи авзои минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла барои таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






