Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Рашт ба мардуми шарифи Тоҷикистон
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо ҷавонони ноҳияи Рашт аз кишвари соҳибистиқлол ва давлати озоди худ ифтихор менамоем.
Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳо, баъди ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муҳлати хеле кутоҳ мамлакати мо пешрафт кунад, гул-гул шукуфад ва тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотирҳо фаромўш шударо дубора зинда гардонем. Шаҳру деҳоти кишвар ободу зебо гардида, иқтисодиёти миллӣ рушд меёбад. Ба қадри ин неъмати бузург расидан ва барои ҳифзи он ҷонбозиҳо намудан рисолати абадии ҳар як нафарест, ки худро инсон ва соҳиби ин обу хок медонад.
24 сол барои таърих ҳеҷ аст, аммо дар ин муҳлати кутоҳ халқи соҳибтамаддуни тоҷик бо сарварии фарзанди баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, корҳоеро ба сомон расонад, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин навишта хоҳанд шуд. Мактаби сулҳофаринию ваҳдатофарӣ, мактаби бунёдкорию созандагии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.
Хеле ҷои таассуф аст, ки имрўз баъзе қувваҳои аҳриманӣ аз дастовардҳои миллати тоҷик чашмашон кўр шудааст, аз кину ҳасад мехоҳанд, боз болои миллати сарбаланди мо балои наве биёранду Тоҷикистони азизамонро ба коми оташ кашанд. Кирдори ноҷавонмардонаи генерал–майор Назарзода Абдуҳалим далели ин гуфтҳост. Мо медонем, ки «Ҳоҷӣ Ҳалим» парвардаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст ва то имрӯз ҳар бадбахтие ба сари миллати тоҷик омада, реша дар идеологияи ин ҳизб дорад. Тафаккури ӯ дар «заҳри заҳҳокӣ»-и Ҳизби наҳзат олуда гашта, дигар имкони дармонро надорад. Пас, ба хулосаи бузургони миллати мо: «Мор саркӯфта беҳ…»
Кирдорҳои хиёнаткорона ва ҷаҳолатзадаи Назарзода А. ва «роҳбарони идеологӣ»-и ӯ дар симои Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ дигарбора модари бечораи тоҷикро дар азои фарзанд нишонд, зани тоҷике бе сарпаноҳ монду атфоле доғи ятимиро гирифт.
Ҳамдиёрони азиз!
Мо ҷавонони раштӣ рўзҳои хеле даҳшатноку ғамборро дидаем ва имрўз боҷуръатона садо баланд мекунем. Садо баланд мекунем, ки «Пеши табиб нараву пеши корафтода бирав». Яъне шуморо ҳушдор медиҳем, ки ба ҷуз аз Ҳукумати Тоҷикистон, Президент ва мардуми ватандӯсти мо касе дар андешаи ободии мамлакати мо нест ва ҳеҷ гоҳ намешавад. Мо танҳо бо ақли солим, дониш ва зиракии сиёсӣ метавонем, Ватани худро ҳифз намуда, пешрафти ҳамаҷонибаи онро таъмин намоем. Дар дигар сурат моро «Ҳоҷӣ Ҳалим» барин хоинон ва хоҷагони онҳо, ки ҳар сари қадам аз ҳифозати арзишҳои ислому суннат ҳарф мезананду худ бо зану фарзандон дар хориҷи кишвар оромона зиндагӣ мекунанд, ба бадбахтиву торикӣ мебаранд.
Мо шоҳид будем, ки саркардагони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мардумро ба майдони мубориза даъват мекарданду худашон сарват меғундоштанд. Имрўз низ онҳо мунтазири чунин фурсатанд ва Ҳоҷӣ Ҳалим, ки парвардаи мактаби онҳо буд, имрўз симои ҳақиқии эшонро бори дигар барои мардуми Тоҷикистон нишон дод.
Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ биомўзем. Агар ҷавонони дигар гўшаву канори кишвар талхии ин гуна рўзҳои мудҳишро аз сар нагузаронидаанд, мо дидаем ва намехоҳем, ки ба пои нафаре аз ҷавонони кишварамон хоре халад. Аз ин рў ҳушдор медиҳем, ки ба ҷуз аз ҳарфи Сарвари давлат – пешвои миллати тоҷик сухани касеро шунидан ба зарари миллат ва давлати мост.
Мо ҷавонони ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷонфидоию заҳматкашиаш, барои миллатдўстию ҷасуриаш, хоксорию инсонпарвариаш дўст медорем. Номи ўро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ бо эҳтирому ифтихор ба забон меорем ва бо нангу ори тоҷикона дар паҳлўи ў саф мекашем, барои амалӣ гардидани тамоми ниятҳои неки ў, ба хотири ободии Тоҷикистони азиз ва бахту саодати мардуми шарифи он меҳнат менамоем. Президенти мамлакати мо ба қавли нависандаи ҳамдиёрамон Диловари Мирзо ҷавонмарде мебошад, ки: «Тавонист як қавми ба мисли чашмаҳои кўҳистон парешону саргардонро ба ҳам биёрад ва ба як дарёи бузургу тавоно табдил диҳад, кишвари ба сони ҷомаи гадоён пора-пораро руфў кунад, як миллату як давлати ягона бисозад».
Мо омода ҳастем, ки дар лаҳзаҳои душвор тамоми дороиямон, балки ҷони ширини хешро ба хотири дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ фидо намоем. Нагузорем, ки нохалафе қадами нопокашро ба хоки муқаддаси Ватани бузурги мо гузорад.
Мо кирдори ноҷавонмардонаи «Ҳоҷӣ Ҳалим», роҳбарони пасипардагии ўро дар мисоли ҲНИТ маҳкум мекунем ва аз тамоми ҷавонони бо нангу номуси кишвар даъвати онро дорем, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, барои бахту саодати миллати тоҷдори мо, барои давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи халқи заҷрдидаамон буд, даври Сарвари давлатамон, ки ҷаҳониён ўро ба ҳайси Пешвои тоҷикони ҷаҳон эътироф кардаанд, чун як занҷири пўлодин печида бошем ва нагузорем, ки дигарбора аз чашми модари тоҷик ашк бирезад, арўси ноком рухсораҳояшро хуншор кунад ва тифли ятиме дари хонае пораи нон гадоӣ кунад.
Бо арзи эҳтиром,
(Муроҷиатнома дар ҷаласаи васеи ҷавонони
ноҳияи Рашт қабул карда шуд.)
14.09.15








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






