Мушкилоти роҳу нақлиёт ҳанӯз домангири Душанбе аст
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар», Моҳинави Наврӯз). — Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистон ба истиқболи 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр корҳои бунёдкориву ободони бо суръат идома доранд. Ба истиқболи ҷашнҳои дар пешбуда моро зарур аст, ки дар ин муҳити созандагӣ ва фазои сулҳу суботи кишвар меҳмонони арҷманди хориҷ аз кишварро бо тантана ва одоби суннатиамон истиқбол гирем. Аммо дар баробари созандагиву ободкорӣ ва муваффақиятҳо мушкилоте ҳам вуҷуд доранд, ки дар ҳар қадам ба мушоҳида мерасанд. Нарасидани аломату нишонаҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тамбашавии мошинҳо дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, хусусан назди бозорҳо, риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, бетартибии ронандагон ва беэътиноии кормандони БДА аз ин ҷумла мебошанд. Кӣ гунаҳгор аст, кӣ ин камбудиҳо ҷой доранд ва кӣ вазифадор аст онҳоро бартараф кунад?! Сабаб дар чист, ки ин мушкилот то ҳол ҳалли худро наёфтаанд? Роҷеъ ба ин масъала нуқтаи назари шаҳрвандону кормандони БДА-ро пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем. Бархе аз сокинони шаҳр шикоят аз набудани аломати қойдаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва тамбашавии мошинҳоро доранд, аммо кормандони БДА иддао мекунанд, ки шаҳрвандон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя наменамоянд. Аз ин рӯ мақсад гузоштем, оид ба ин мавзӯъ аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр боздид намоем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар бозори «Корвон»-и пойтахт қариб ягон аломати қойдаҳои ҳаракат дар роҳ ба назар намерасад. Фахриддин Ҳакимов истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе гуфт ҳар гоҳе ба бозори «Корвон» меояд, бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ меояд. Дар назди бозор ба замми серодам буданаш ронандагон қариб то сеюм қатор мошинҳои худро мегузоранд ва шаҳрвандон аз куҷо гузаштани худро намедонанд ва маҷбур мешаванд, ки миёни қатори мошинҳо гузаранд ва боиси монеъашавии мошинҳо гарданду тамбашавӣ ба миён ояд. Фахриддин Ҳакимов мегӯяд, ки дар бозори мазкур кормандони БДА дида мешаванд, аммо барои бартарафсозии ин камбудиҳо чорае намебинанд ва беэътиноӣ зоҳир мекунанд. То даме, ки ягон садама рух надиҳад, ё шаҳрванде зарар набинад, онҳо эътибор намедиҳанд. Танҳо ҳуҷҷатҳои ронандагии ронандаҳоро тафтиш мекунанд, ё ба нафароне, ки дар сари роҳ нишаста, ба фурӯхтани маҳсулот машғуланд сару кор мегиранд. Шаҳрванд Ҷамолбӣ Салимова мегӯяд, ки аз сабаби бетартибии ронандагон ва беэътиноии кормандони БДА онҳо наметавонанд фарзандонашонро танҳо ба бозор ё ба ҷои дигар равон кунанд ва маҷбуранд худашон фарзандонро роҳнамоӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, имрӯзҳо садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёданд ва ин ҳолат онҳоро нигарон кардааст. Аммо сардори шуъбаи Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ноҳияи Фирдавсӣ Рустам Муродов иброз медорад, ки фаъолияти онҳо ҳамарӯза дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудааст. Ӯ мегӯяд назорати ронандагоне, ки мошинҳои худро дар қатори дуюм ё сеюми роҳ гузоштаанду боиси тамбашавии мошинҳо гардидаанд ва ба дигар нақлиётҳо монеа эҷод кардаанд, дар салоҳияти онҳо нест. Маълум гардид, ки то моҳи апрели соли 2014 бартараф кардани мушкилоти номбурда дар салоҳияти онҳо будаасту аз соли 2014 ин ҷониб бар зиммаи кормандони БДА вогузор шудааст. Рустам Муродов мегӯяд, ки вазифаи асосии онҳо назорати ҳуҷҷатҳои ронандагон ва иваз кардани хати сайр мебошад, на бартараф намудани тамбашавиву дигар мушкилот. Диловар Назаров як ронандаи тоҷик, ки мошини худро дар қатори сеюми роҳи мошингард гузошта буд, гуфт, ки ронандагон ба куҷо гузоштани мошини худро намедонанд, чунки аз набудани таваққуфгоҳ танқисӣ мекашанд. Дар бозори «Корвон» таваққуфгоҳҳое ҳастанд, ки пур аз нақлиётанд. Аз ин рӯ онҳо маҷбуранд дар сари роҳ ва ё дар нуқтаҳое, ки дар он ҷо гузоштани нақлиёт манъ аст, мошин гузоранд. Ин ронанда мегӯяд, агар дар поёни бозори мазкур таваққуфгоҳи калоне сохта ба истифода диҳанд, шояд ин мушкилиҳо ба қадри имкон бартараф шавад. Дар ин ҳол ҳам ронандаҳо роҳи аниқи худро меёбанд, ҳам шаҳрвандон озодона ва бехатар рафту омад мекунанд. Аммо сардори дафтари матбуоти ШБДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Шерафган Латифов мегӯяд, ки бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дар пойтахт аз тарафи нозирони ротаи хадамоти роҳбонӣ ҳайати шахсии ШБДА корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. Номбурда гуфт, он мушкилоте, ки дар назди бозори «Корвон» аз қабили тамбашавии мошинҳо ва таваққуфи он дар дуюм ё сеюм қатори роҳи мошингард ба худи ҳамон ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагӣ дорад, зеро онҳо огоҳанд, ки қонун таваққуфи мошинҳоро танҳо дар қатори аввал иҷозат додааст. Аммо аксар ронандаҳо қониншиканӣ мекунанд. Номбурда гуфт, дар он нуқтаҳое, ки нозирони роҳ ҳастанд, ронандагон ва шаҳрвандон ба қонунвайронкунӣ даст намезананд, вале аз набудани кормандони БДА истифода бурда, дар ҳар куҷое, ки хоҳанд мошинҳои худро мегузоранд. Кормандони БДА чандин маротиба роҷеъ ба ин масъала бо корхонаҳое, ки бевосита ба кашонидани мусофирон машғуланд ва бо ронандагон суҳбату воҳӯриҳо гузаронидаанд. Аммо мутаасифона бо вуҷуди он ки чандин маротибаҳо огоҳӣ гирифтаанду ҷарима супоридаанд, боз ҳам қонунро риоя намекунанд. Сардори дафтари матбуотии ин ниҳод қайд намуд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 19845 ронанда қонуншиканӣ намуда бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ гирифтаанд. Ва баъзан ронандагон ба ин қонуншиканӣ дубора роҳ додаанд, ки тибқи моддаи 324 қисми 2 протоколҳои маъмурӣ нисбаташон тартиб дода шудааст. Ҳоло шумораи онҳо ба 2471 нафар расидааст. Масъалаи дигаре, ки роҷеъ ба мушкилоти мардум пайгириаш намудем норасоии аломати қойдаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва хатҳои уфуқиест, ки ба ронандагон зарур аст, онҳо дар роҳҳои баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кашида нашудаанд. Аммо дар ШБДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки ин ба салоҳияти онҳо ворид нест. Аз ин рӯ, мақсад дорем дар рӯзҳои наздик ин масъаларо дақиқтар пайгирӣ кунем ва баъдан пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» гардонем.