Намоишгоҳи «Амволи Ҳиндустон» дар Душанбе
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин рӯзҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ярмаркаи «Амволи Ҳиндустон» ҷараён дорад. Дар ярмарка намояндагони 17 ширкатҳои асосии Ҳиндустон маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштаанд.
Дар ин ҷо маҳсулоти нассоҷӣ, маснуоти чармин, заргарию атторӣ, маводи ороишӣ, армуғон, маснуоти косибон, намудҳои нодири чой, ҳамчунин амволи бахши таббохӣ намоиш дода мешавад.
Мақсади асосии намоишгоҳ рушду таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳиндустону Тоҷикистон аст.
Ярмарка бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати кишвар ва ширкати «INDO RUSSIA EXPO» созмон дода шудааст.
Кори намоишгоҳ то 29 сентябр давом мекунад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






