Намоишномаҳои нави Театри лӯхтаки Чкалов
Хуҷанд, 21.09.15. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода). — Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалови вилояти Суғд 65 — умин мавсими театрии худро бо намоиши намоишномаи «Дарахти дӯстӣ биншон», ки ба Соли оила бахшида шудааст, оғоз намуд.
Тавре ки директори театр Абдувалӣ Мақсудов хабар дод, хонандагони мактаб — интернати шаҳри Чкалов яке аз аввалин тамошобинони намоишномаи нав гардиданд.
Намоишномаи «Дарахти дӯстӣ биншон» хусусияти тарбиявӣ дошта, мақсад аз он тақвият бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳи меҳру муҳаббат ба фарҳанг ва арзишҳои инсонпараварӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки театри мазкур тайи як мавсим беш аз 250 намоишномаро ба саҳна мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






