Пешниҳодҳои хабарнигорон: Ҷоизаи А.Саттор таъсис дода шавад
Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз рӯзноманигорони тоҷик дар Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии журналистон маҳфили ёдбуди Акбари Сатторро дар Душанбе баргузор намуданд.
Дар ин ҳамоиш, ки дар толори Маҷмааи табъу нашр — «Шарқи Озод» сурат гирифт, барои поси хотири марҳум Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пешниҳод шуд, як кӯча дар Душанбе ва мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи ӯ гузошта ва нимпайкарааш бунёд гардад.
Ҳамчунин дар ин нишаст хабарнигор Сайёфи Мизроб, пешниҳод кард, ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис шуда, дар як сол як маротиба тақдим гардад. Ӯ хостори ба унвони Рӯзи ҳамдилии журналистони тоҷик пазируфтани 28 август шуд. Санае, ки Акбари Саттор даргузашт. Журналист Шарифи Ҳамдампур даъват кард, деҳаи Мортеппа — зодгоҳи Акбари Саттор — “Акбаробод” номгузорӣ шавад.
Ин пешниҳодҳо барои поси хотири Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳолеянд, ки қалби ӯ рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз таппиш боз монда буд. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада буд. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чархи гардун» буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






