Президенти Тоҷикистон: Ба камол расонидани насли тарбияву таҳсилдида аз заҳмати устод, талоши якҷояи волидон ва аҳли ҷомеа вобаста аст

Сентябрь 18, 2015 04:50

Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Ба камол расонидани насли тарбияву таҳсилдида, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодону омӯзгорон ва ғамхориву саъю талоши якҷояи падару модарон ва аҳли ҷомеа вобаста мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи маорифро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди неруи инсонӣ ва умуман ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад ва муаллимро аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа меҳисобад ва барои самаранок гардонидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тамоми тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад»,-изҳор намуд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар шаҳри Турсунзода.
Муассисаи таълимии навбунёд барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо харҷи қариб 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби  буҷети давлат бунёд гардидааст. Мактаб аз 26 синфхона, озмоишгоҳу синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои ёрирасон, китобхонаву ошхона, маҷлисгоҳ ва толору майдони варзишӣ иборат мебошад.
«Мо барои илму донишомӯзии шумо, фарзандони азиз, ки умеду орзуи мо ва соҳибони ояндаи Ватанамон мебошед, тамоми шароити муосирро муҳайё кардаем. Ҳар як толибилм маҳз ба туфайли мактаб илму донишҳои гуногунро меомӯзад, соҳибхираду бомаърифат мегардад, бо таъриху фарҳанги гузаштаи халқи худ ошноӣ пайдо карда, ҳамчун шахсият комил мешавад ва баъдан роҳи зиндагии худро мустақилона идома мебахшад»,-афзуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Сентябрь 18, 2015 04:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад