Таҷлили ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар Олмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар толори муассисаи бонкии Дойче Банк-и шаҳри Берлин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои федеролӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодиву фарҳангии кишвари иқомат ва ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон иштирок доштанд.
Дар чорабинии ҷашнӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов баромад намуда, ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар тӯли 24 сол шинос намуд ва нақшаҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рушди устувор ва таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар муаррифӣ намуд. Сафири Тоҷикистон ҳамшарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишвари Олмонро муҳим арзёбӣ намуд.
Директори иҷроияи Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон доктор Райнер Линдерзимни мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият табрик намуд ва изҳор дошт, ки равобити иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар метавонанд дар ояндаи наздик сатҳу сифати нав ба худ касб намоянд.
Барномаи фарҳангӣ зери унвони «Ҷашни истиқлол муборак, Тоҷикистонам» бо иштироки овозхони тоҷик Фахриддини Малик, инчунин пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ ва сӯҳбатҳои хосса чорабиниро хотирмон намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






