Тирамоҳи хазонрез

Сентябрь 22, 2015 08:48

Душанбе, 22.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Кӯшиши  роҳандозии  гуфтушунид  ва моил  кардани аъзои гурӯҳи  ҷинояткори  Абдуҳалим  Назарзода (Ҳоҷи  Ҳалим)  ба таслимшавии  ихтиёрӣ  натиҷае  набахшид. Террористон муқобилияти  шадид   нишон  медоданд. Дар  натиҷаи  оташфишонии  ҷавобӣ роҳбари  гурӯҳи  ҷинояткор А.Назарзода, Ҷунайдулло   Умаров  ва  10  нафар  шарикони онҳо  нест  карда шуданд. Дар  ҷараёни  амалиёти  махсус 125 аъзою ҷонибдорони  ин  гурӯҳ   дастгир  ва  25  нафар  иштирокдорони он нест  карда шуд. Дар  давраи  амалиёти  махсуси   зидди ҷонибдорони  мусаллаҳи  собиқ генерали  исёнгар 14  нафар   кормандони  мақомоти   корҳои  дохилӣ  ва  амнияти  миллӣ  ҳалок  шуданд. Роҳбари  воҳиди зиддитеррористии «Алфа» — и Кумитаи  давлатии амнияти  миллии  ҶТ  полковник  Амакиев Рустам  Холалиевич,  соли таваллудаш 1974  ва  ҷанговари  воҳиди  махсус  лейтенанти  калон  Муродов  Орзу  Маҳмадраҳимович,  соли  таваллудаш 1987,   аз ҷумлаи онҳоанд. 
Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба хешу таборон  ва  пайвандони   кормандони  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ, ки  дар  ҷараёни  амалиёти  махсус  барои  аз байн  бурдани  гурӯҳи  террористӣ ҳалок  шудаанд, изҳори  ҳамдардии  амиқ  баён  кард.  Э.Раҳмон  дастур  дод, ки ба оилаҳои  ҳалокшудагон  ёрии  ҳамаҷониба  расонида  шавад.   Президенти  кишвар  ба ҳамаи ҳайати  шахсии  мақомоти  ҳифзу  ҳуқуқ ва сохторҳои  қудратӣ, ки   дар  амалиёти  махсус  иштирок  доштанд, ҳамчунин  ба   шаҳрвандоне, ки  дар  амри  дастгир  намудани  террористон  фаъолона ҳамкорӣ  кардаанд, изҳори  миннатдорӣ  намуд. 
Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари  ба  ҳалокат расидани кормандони мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқро, ки  боиси ғаму  андӯҳ  ва  рехтани  сиришки  дидаҳои  аҳли оилаи онҳо гардид, бо  таассуфи  зиёд  ва  андӯҳи  гарон   дарёфтанд. Созмонҳои  ҷамъиятӣ, иттифоқҳои  касаба,  ташкилотҳои  занон, муассисаҳои таълимӣ,  ташкилотҳои  ҷавонон,  созмонҳои дигар  ва  шахсони  алоҳида  дастгирии  худро  аз  хешовандону  пайвандони  ҳалокшудагон  иброз  доштанд. Онҳо ҳамдардии  амиқи  худро ба  модарони  ҳалокшудагон  баён  карданд. Он чиз  басо  таассуфовар  аст, ки ин  амалиёти  террористии  ҳарбӣ  замони  осоишта дар   сарзамине  рух дод, ки  худи табиат  ба ҳаёти осоишта  даъват  мекунад,  на ба  марг. 
Мақомоти  амнияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ин  муҳориба  кормандони  беҳтарини  худро   талаф  доданд. Рустам  Амакиев  хидматчии  низомии  касбӣ  буд. Вай Омӯзишгоҳи  фармондеҳони  ҳарбии   шаҳри  Рязан  ва Академияи қӯшунҳои  ҳарбии  Қувваҳои  Мусаллаҳи   Русияро  хатм  карда буд.  Ӯ қаблан   дар  Вазорати  мудофиаи  Тоҷикистон  кор  мекард,  дар  амалиётҳои  махсус  борҳо  иштирок  карда буд.  Рустам  Амакиев  воҳиди  таъйиноти  махсусро  бо  камоли  кордонӣ  роҳбарӣ  менамуд,  дар  майдони  ҷанг  ва адои  хидмат  ҳамеша  ба ҳамтоёнаш  дасти  ёрӣ дароз  мекард,  таҷрибаи  фаровони  худро ба  ҷанговарони  ҷавон  ёд  медод. Мураббии  мушфиқи  ҷавонон  буд ва  онҳоро  эҳтиёт  мекард. Мутаассифона,  дар  он  рӯз  Рустам  Амакиев  худро  аз  ҳалокат  наҷот  дода натавонист. 
Муродов  Орзу  корманди  ҷавон  буд ва  хидмати  ҳарбиро  ба таври  мусбат баҷо  меовард. Ҳар ду  ҷанговари Кумитаи давлатии  амнияти  миллии  ҶТ  дар байни  гурӯҳашон  аз  эҳтироми  бепоён  бархӯрдор  буданд,  мукофоту  ифтихорномаҳо  доштанд. Волидайни  ҳар  дуяшон  дар  қайди  ҳаёт  буда,  фарзандони  хурдсолашонро  тарбия  мекунанд. Афсӯс, ки  бо  айби  террористон риштаи  умри онҳо дар  як  лаҳза  канда шуд. Баъзе  ҳамкорони собиқашон, ки хиёнат  ба  қасами  ҳарбӣ ва  бародарию  ватан  карда буданд, аслиҳаро  зидди ҷавононе ба  кор  бурданд, ки  халқи  худ  ва  сарзамини  худро  дифоъ  мекарданд. 
Сокинону  меҳмонони  Тоҷикистон,   сарони  кишварҳои  ИДМ  ва  ҷомеаи  ҷаҳон  кирдори  гурӯҳи  террористиро, ки  роҳбарияташро хоини  манфур  ба  ӯҳда дошт ва  кӯшишҳои онҳоро  барои  ташкили табаддулоти  ҳарбии  давлатӣ  шадидан  маҳкум  намуданд.  Ҳамватанони  мо, ки  қасами  ҳарбиро  баҷо оварда,  ватани  худро  поквиҷдонона ҳифз  мекарданд,  аз  дасти  гурӯҳи ҷинояткор  ҳалок шуданд. Дили  кас  ба  ҷавонони  ҳалокшуда,  волидайн ва  хешовандоне, ки  навҷавонони  худро  аз  даст  додаанд,  месӯзаду  месӯзад. Афсӯс, ки бо айби ҷинояткороне, ки  тиҷорату  манфиатҳои ғаразноки  худро  ҳифз  мекарданд,  нақшаҳои  ин  ҷавонони  ғӯрамарг  дар  амал татбиқ   нашуданд. Ҷангиёне, ки  бо  амри хориҷиён  вазъияти  ҷумҳуриро  муташанниҷ  гардониданӣ  буданд, ҷазои  худро  диданд. 
Хотираи  рахшони  полковник  Амакиев Р., лейтенанти  калон  Муродов  О.,  полковники  милиса  Бӯриев  Д., подполковник Пиров И., майор Каримов Н.,  лейтенанти  калони  милиса Орипов Р., лейтенанти  калон  Саидов  М., лейтенанти  калони  милиса  Саъдуллоев  Д.,  лейтенанти  калон  Шарипов Ш.,  лейтенанти  калони милиса  Ҳасанов М.,  лейтенанти  милиса  Ҷабборов  А., ки  вазифаи   хидматии  худро то  охир  баҷо  овардаанд,  дар  қалби  мо абадӣ  боқӣ  мемонад.
Азиза  Сафарова

 

Сентябрь 22, 2015 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад