«Ҷумҳурият» ба донишҷӯёни фаъоли эҷодкор идрорпулӣ ваъда медиҳад

Сентябрь 8, 2015 08:33

Душанбе, 08.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар остонаи таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси садорат ва кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ вохӯрии донишҷўёну устодони факултет бо ҳайати кормандони рӯзномаи  «Ҷумҳурият» доир гардид. Зимни мулоқот аз ҷумла зикр гардид, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар таҳкими сулҳу ваҳдати тоҷикон ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ нақши  устувори  худро тули даҳсолаҳо  гузоштааст  ва ин раванд дар ҷараён аст. 
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳарири нашрияи «Ҷумҳурият»  дар роҳи амалӣ гаштани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар донишҷӯёнро барои ҳамкории судманд ва созанда даъват намуда, аз ҷумла ваъда дод, ки дар сурати пайдо шудани имкониятҳо нашрия  стипендияи махсуси худро барои донишҷўёни фаъоли эҷодкор таъсис хоҳад дод. Зимни вохӯрӣ мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Сангин Гулов «Ҷумҳурият»-ро модари матбуоти тоҷик номид ва ба аҳли эҷоди ин нашрия изҳори сипос намуд, ки дар сўҳбату мулоқотҳои доиршаванда дар факултети журналистка, бо вуҷуди серкорияшон фаъол мебошанд. 

 

Сентябрь 8, 2015 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид